(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори калони Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳузури Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода маросими супоридани стипендияҳои Раиси шаҳри Хуҷанд ба хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.

Нахуст Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода гирандагони стипендияро бо Рўзи ҷавонон табрику тахният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сўи пешрафтҳои навин қадамҳои босубот мегузорад ва дар давраи ҷаҳонишавии босуръат масъалаҳои марбут ба рўзгори ҷавонон ҳамчун нерўи ояндасози давлату миллат ва ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумати кишвар, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Воқеан ҳам, ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон нерўи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Ба ҳамин хотир Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин нерўи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишварамон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Фирдавс Шарифзода афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳнамоиҳои Раиси вилоят Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷодаи дастгирии насли ҷавон ҷиҳати ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва татбиқи муваффақонаи сиёсати ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Хушбахтона, файзи амали сиёсати дурбинона аст, ки имрўз дар тамоми паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа нақши муассири ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи ояндасоз ба пуррагӣ эҳсос мегардад.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар қатори мардуми сарбаланд ва ватандўсти кишвар ҷавонони мо чун фарзандони асили миллат Ватани азизи худро ба дараҷаи кишвари пешрафта ва мардумаш соҳибсаодат мерасонанд. Аз ин хотир эътибори ҳамаҷониба ва диққату таваҷҷўҳи ҳамарўза ба зиндагӣ, кору таҳсили ҷавонон фаъолияти асосии рўзгори аҳли ҷомеаро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҳавасмандкунӣ ва дастгирии моддиву маънавии хонандагон ва донишҷўёни мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо, омўзишгоҳҳои касбӣ – техникӣ, коллеҷҳо ва донишгоҳҳои олӣ, ки дар давоми соли хониши 2020-2021 дар таҳсил ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар чорабиниҳои оммавию фарҳангии шаҳр фаъолона ширкат варзиданд, сарфароз намудани онҳо бо стипендияи Раиси шаҳр ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар анҷоми суханронии худ Фирдавс Шарифзода изҳори умедворӣ намуд, ки ҷавонон аз ҳидоятҳои шоёни Пешвои муаззами миллат рўҳу илҳоми тоза гирифта, рисолати аслии худро ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар рўзгору фаъолияти хеш ба таври зарурӣ ба анҷом мерасонанд. Ба омўхтани илму дониш, касбу ҳунар машғул шуда, таърихи халқи худро азбар менамоед, Ватанро аз ҷон дўсттар, арзишу суннатҳои милливу фарҳангиро эҳтиром ва ба боварию эътимоди Сарвари давлатамон ҳамеша сазовор мешаванд. Дар замони тараққиёти босуръати илму техника ва азхудкунии технологияи муосир, ба омўхтану истифода кардани дастовардҳои илм аҳамияти хоса дода, бо маърифати воло ва эҳсоси баланди ватандўстию меҳанпарастӣ дар пешрафти ҳама соҳаҳои кишвари соҳибистиқлоламон саҳми боз ҳам арзишманд мегузоранд ва ба истиқболи ҷашни бошукўҳи миллат 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти густурдаи хешро ба роҳ мемонанд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 100 нафар гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр аз ҷониби шаҳрдор Фирдавс Шарифзода гувоҳнома ва 1000 сомонӣ маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...