14 Июл 2014

Раиси шаҳри Хуҷанд ба идораҳои дахлдор бобати беҳтар намудани вазъи кӯча,хусусан тозагию ободонӣ дастур дода,таъкид намуд,ки кормандони идораи хоҷагию коммуналӣ бояд ҳамарӯза бо сокинони маҳалла бобати тозаю обод нигоҳ доштани кӯчаю маҳалла ҳамкорӣ намуда, тариқи ҳашар тоза намудани маҳаллаҳои худро ба сокинон маҳаллаи мазкур тарғиб намоянд. Ҳамзамон роҳбарони марказҳои савдо ва муассисаҳои хизматрасонӣ вазифадор гардиданд,ки дар мӯҳлати 10 рӯз гузаргоҳ ва мавзеҳои вобасташудаи худро гулкорӣ намуда, роҳравҳоро сафолакпӯш намоянд.
Ҳолати дарахтон ва буттаҳои қади кӯчаи номбурда низ барои ба тартиб даровардан зарурат дорад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода доири таҳияи нақшаи корҳои ободонӣ ва гулзоркунӣ супориш дода, онҳоро ба масъулиятшиносӣ ва саҳм гузоштан дар ободонии шаҳри Хуҷанд даъват намуд.