12 Июл 2014

Раҷаббой Аҳмадзода баробари ҷавобҳои мушаххас додан ба саволҳои сокинон ба роҳбарони воҳидҳои сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супориш дод,ки назоратро бобати сари вақт иҷро намудани дархост ва аризаи муроҷиаткунандагон пурзӯр намоянд. «Ҳама намуди муроҷиати шаҳрвандон дар кадом шакле,ки набошад бояд тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонун сари вакт баррасӣ гардида, тамоми чораҳоро барои қаноатманд гардидани онҳо ва ҳалли мушкилоташон андешидан лозим аст.»-қайд намуд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода.
Теъдоди умумии сокиноне,ки ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд зиёда аз 60 нафарро ташкил дод.