10 Июл 2014
Оид ба масъалаи якум Раиси Шӯро Раҷаббой Аҳмадзода изҳор намуд, ки дар натиҷаи тағйироти кадрӣ зарурати дар Шӯрои ҷамъиятӣ иваз намудани аъзои Шӯро пеш омадааст. Дар асоси Амри Раиси шаҳр аз 8-уми январи соли 2014 таҳти №09 Муҳаббат Бобоҷонова бинобар ба вазифаи дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Раиси шаҳр озод гардида, дар асоси Амри Раиси шаҳри Хуҷанд аз 3-юми марти соли 2014 таҳти №102 Умедахон Муродова ба вазифаи муовини Раиси шаҳр таъин карда шуд. Умедахон Муродова намояндаи ваколатдори Раиси шаҳр дар Шӯрои ҷамъиятӣ ва Ҳошим Осимов раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр узви Шӯрои ҷамъиятӣ интихоб гардиданд.
Оид ба масъалаи дуюм сардухтури таваллудхонаи шаҳр Шоира Бузурукова маърӯза карда, аз ҷумла, зикр кард, ки Таваллудхонаи шаҳр бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Барномаҳои давлатӣ ва Қарорҳои ҳукумати ҷумҳуриро дар самти ҳифзи саломатии модар иҷро намуда истодааст. Мувофиқи маълумоти пешакии маркази омори тиббӣ ва иттилоотии назди Раёсати тандарустии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд дар 6 моҳи соли ҷорӣ 1781 таваллуд, нисбати соли 2013-ум 3862 таваллуд, 10 зоиш дар хона, соли 2013 19 таваллуд, фавти модар, хушбахтона, ба қайд гирифта нашудааст, дар ҳамин давраи соли 2013-ум як фавт ба мушоҳида расида буд. Аз рӯи маълумоти соҳавӣ,-афзуд Шоира Бузрукова,- дар қаламрави шаҳр занони қобили таваллуд 46948 нафарро ташкил медиҳанд. Шумораи занони ҳомила 1892 (204 нафар зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) нафар мебошад, ки дар қайд ва назорати диспансерӣ қарор доранд. Занони ҳомила бо бемориҳои экстрагениталӣ дар соли 2014-ум 62,4%-ро ташкил дод, ки ин беморӣ соли 2013-ум 64,8%-ро ташкил медод. Яъне бемориҳо дар занони ҳомила тамоюли камшавӣ доранд, ки мо табибонро хушҳол месозад. Дар ҳарду таваллудхонаи воқеъ дар шаҳри Хуҷанд таҷҳизоти замонавӣ насб карда шуд, ки табобати сифатноки беморон таъмин аст.
Баҳри пешгирӣ, фаҳмондадиҳӣ ва табобати саривақтии занони ҳомилаи бемор,- илова намуд Шоира Бузурукова,- мо дар якҷоягӣ бо тамоми шуъбаву бахшҳои марбута мулоқоту вохуриҳо доир намудем, дар нашрияву телевизионҳои маҳаллӣ мақолаву барномаҳо таҳия кардем, ки ҳама ба манфиати кор буд. Дар ин ҷода силсилаи тадбирро андешидаем, ки давоми сол иҷро хоҳем кард.
Вобаста ба мавзӯи маърӯза аъзои Шӯро аз сартабиби Таваллудхона пурсишҳо карда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Дар хусуси банди севуми ҷаласа котиби масъули Комиссияи татбиқи қонуни забони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Гавҳар Умарова маълумот дод. Номбурда зимни сухан изҳор дошт, ки баҳри амалӣ шудани ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қарори Раиси шаҳр «Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати нави Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»» аз 16 декабри соли 2013 таҳти №810 ба тасвиб расид, ки иборат аз 14 нафар мебошад. Якҷоя бо ҳайати комиссия дар кули корхона ва муассисаҳои шаҳр санҷишҳо гузаронида шуданд. Муайян гардид, ки коргузорӣ ба забони давлатӣ сурат гирифта, дар баъзе ҳуҷҷатнигориҳо, ба мисли дафтарчаи меҳнатӣ, варақаҳои бақайдгирӣ, мактубҳои воридотиву содиротӣ, амру фармоишот ва ғайра камбудиҳо ошкор карда шуда, ислоҳаш низ таъмин гардид. Баҳри бенуқсон ва бе хато навиштани ҳама гуна ҳуҷҷату аснод 4-уми октябри соли 2011-ум таҳти №458 Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ба имзо расида буд ва аз ҳамон давра ва баъд Қоидаи имлои забони тоҷикӣ тариқи китобчаи кисагӣ, тавассути нашрияҳо дастраси соҳибзабонон гардид ва мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифт.
Боиси зикр аст, ки –афзуд Гавҳар Умарова,-дар мавриди номгузорӣ ба марказҳои савдову шиору овезаҳо ҳанӯз ҳам бемасъулиятӣ нисбати забони давлатӣ зоҳир мегардад. Дар рафти санҷишҳо ҳар соҳибмулк аз хатои навиштаҷоташ огоҳ ва беш аз 45 адади хато ислоҳ кунонида шуд. Баҳри пешгирии хато ва саҳлангорӣ нисбати забони давлатӣ комиссия ба Кумитаи нозироти андози шаҳр муроҷиат намуд, то ки дар иҷрои талаботи моддаи 18-и Қонун дар бораи «Номгузории ташкилотҳо» ба кори комиссия мадад расонад. Яъне ҳангоми бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ соҳибмулкон аз талаботи ин банди қонун бохабар карда шаванду бо масъулони комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Мақомоти иҷроияи шаҳр машварат намоянд.
Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Раҷаббой Аҳмадзода кори комиссияи мазкурро қаноатманд ҳисобид ва ҳамзамон зикр кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, риоя ва иҷрои он ҳатмӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар тамоми муассисаву корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон қонуни мазкур амалӣ шудааст, вале аз ҷониби бархе аз соҳибмулкони марказҳои савдою маишӣ талаботи қонун воқеан ҳам иҷро нашудааст. Аз ин рӯ,-афзуд Раҷаббой Аҳмадзода,-хоҳиш менамоям, ки ба ин масъала аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо Комиссияи татбиқи қонунри забони Мақомоти иҷроияи шаҳр аҳамияти ҷиддӣ дода, баҳри риоя ва иҷрои меъёрҳои ин Қонун чораҳои муассир андешида шавад.
Доир ба масъалаи чаҳоруми ҷаласа дар хусуси рафти иҷрои Барномаи вилоятии «Соли 2014-соли роҳҳои обод» директории генералии Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр Даврон Шокиров маърӯза кард. Зимни баёни корҳои иҷрошуда Даврон Шокиров арз намуд, ки ба ҳисоби ум умӣ дар қаламрави шаҳр 116 км роҳ бояд таъмир ва таҷдид карда шавад. То имруз тӯли 46,2 км роҳ мумфарш карда шуд, ки 46,8%-и нақшаро ифода мекунад. Дар кори мумфаршкунӣ соҳибкорони Хуҷанд, худи сокинон тариқи ҳашар иштирок карда, иҷрои нақшаро тезонданд.Раисони 22 маҳаллаи шаҳр бо мардум кор карда, дар тарғибу ташвиқи ин ҳадафи неки давлату ҳукумат саҳми босазо доранд.
Пас аз шунидани маърӯзаи Даврон Шокиров аъзои Шӯро дар хусуси бо обод шудани шаҳр, мумфаршшавии роҳҳо, гулкориву сабз шудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҳарф заданд ва қаноатманд гаштани сокинони ин шаҳри куҳанбунёдро ба Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ расониданд.
Бо қабули Қарорҳои дахлдор ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ ба кори ҷаласа хотима бахшиданд.