(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори нозироти андози шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр бо ҳузури аъзои Шӯрои мазкур, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, кормандони нозироти андози шаҳр, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, сардори раёсати молия, соҳибкорони инфиродӣ, раисони бозорҳо, роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ, БДА ва дигар масъулин баргузор гардид.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Авазҷон Назарзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки дар рӯзномаи ҷаласа вазъи ҳолати иҷрои қонунгузории андоз дар қисми дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ ва кам кардани бақияи қарзи андоз, сабабҳои дар ҳолати алоҳида иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар соли 2020 ва семоҳаи аввали соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Авазҷон Назарзода афзуд, ки омўзиши масъалаи мазкур собит намуд, ки камбудиҳои соҳа зиёд аст ва бартарафсозии фавриро тақозо менамояд. Зеро аз вазъи иҷрои буҷаи давлатӣ масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ вобаста аст. Аз ин лиҳоз роҳбарону масъулини дахлдорро зарур аст, ки фаъолиятро дар ин самт пурсамар ва таҷдиди назар намоянд.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ вобаста ба талаби замон пайваста ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа медиҳанд, то ки кишвари маҳбубамон пайваста рушд кунад ва барои мардум зиндагии шоиста таъмин гардад.

Давлати мо сол ба сол пеш рафта истодааст ва яке аз кишварҳои рӯ ба тараққии олам эътироф шудааст, ҳамзамон зарурати дарёфти манбаҳои нави андозбандӣ ба миён омадааст ва танҳо иҷрои сифатноки уҳдадориҳои хизматӣ, садоқат ба кору Ватан моро ба мақсад мерасонад.

Сипас, сардори нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд Сулҳия Алимзода баромади муфассал намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 95,0% иҷро карда шуд, ё худ ба ҷои 536 млн. 11,7 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда ба буҷет 509 млн. 263,3 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки 26 млн 748,3 ҳазор сомонӣ аз нақша кам аст. Иҷроиши нақшаи андозҳо бошад дар шаҳри Хуҷанд ба ҷои 399 млн 675,7 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда амалан 403 млн 55,8 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки 100,8%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Аз рўи сифатнокӣ, нақшаи пешбинишудаи 3 намуди андозҳо таъмин нагардид, аз ҷумла андоз аз фоида 93,5%, андоз аз арзиши иловашуда 85,7% ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 77,9 фоиз, ки аз ҳисоби ин сарчашмаҳо ба буҷети давлатӣ зиёда аз 47,6 млн. сомонӣ маблағи андозҳо ворид нагардид.

Иттилоъ дода шуд, ки яке аз сабабҳои таъмин нашудани нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2020 вобаста ба вазъи эпидемиологӣ буда, коҳишёбии манбаъҳои андозбандӣ аз ҳисоби корхонаҳои калони саноатии вилоят, соҳаи хизматрасонӣ ва сохтмон иҷроиши нақшаро боз ҳам мурракаб гардонид.

Зикр гардид, ки аз ҳисоби озодкунӣ аз андозҳо, кам намудани меъёри андоз ва таҳти таътили андозӣ қарор гирифтани соҳаҳои алоҳида, ки бо мақсади пешгирии таъсири паёмадҳои касалии сироятӣ ва дастгирии фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар кишвар қабул гардида буд, беш аз 20 млн. сомонӣ маблағи андозҳо ба буҷет ворид нагардид. Танҳо аз ҳисоби корхонаҳои соҳаи алоқаи ҳавоӣ, сохтмон ва дигар зиёда аз 9 млн. сомонӣ андозхо ҳисобӣ нашуда дар соли 2020 пардохт карда нашудааст.

Сулҳия Алимзода афзуд, ки соли ҷорӣ тартиби дар мақомоти андоз ба таврӣ автоматӣ қабули эъломияи андоз аз фоида ба роҳ монда шудааст. Дар навбати худ андозсупорандагон ўҳдадор гардидаанд, ки маълумотҳо оид ба ҳисоби андоз аз фоидаро дар шакли электронӣ то санаи 1 апрели соли ҷорӣ ба системаи электронӣ дохил намоянд. Новобаста аз он, ки оид ба тартиби нави пешниҳоди маълумотномаи ҳисоби андоз аз фоида корҳои омўзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда бошад ҳам, аз сабаби дарк накардани моҳияти навгонӣ аз тарафи ҷамъияту ташкилотҳо аксар андозсупорандагон маълумотҳои худро саривақт пешниҳод накардаанд ва ё худ нодуруст пешниҳод намудаанд, ки боиси нодуруст ташаккулёбии нишондоди ниҳоии андоз аз фоидаи соли 2019 гардидааст.

Сардори нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд Сулҳия Алимзода дар баромади худ доир ба паҳлуҳои дигари мушкилот ва муаммои андозситонӣ дар фаъолияти корӣ маълумоти муфассал дод.

Сипас, дар ҷаласа роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Абдуваҳҳоб Ҳомидзода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки тадбирҳои андешидаи мақомоти маҳаллӣ дар самти афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротии корхонаҳои саноатӣ, сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ, ҳаҷми маблағгузории асосӣ ба соҳаи сохтмон, корҳои сохтмонию васлкунӣ, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ, кашонидани бор ва музди миёнаи маоши кормандон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта пурраю барзиёд таъмин гашта, ин нишондиҳандаҳо дар раванди ташаккули буҷет ва ислоҳоти андоз заминаи устувор гузошта, дар натиҷа қисми даромади буҷети умумии шаҳр 116, 6 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши амалии он 119, 5 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки ин наздик 3 миллион зиёд мебошад. Даромади буҷети маҳаллӣ низ беш аз 4, 7 миллион сомонӣ барзиёд иҷро карда шуд.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Авазҷон Назарзода аз мудирони шуъбаҳои дахлдори нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд пурсиш ба амал оварда, роҷеъ ба мушкилоти муаммоҳои ҷойдоштаи соҳа изҳори андешаронӣ намуд. Таъкид шуд, ки омилҳои маъмурикунии андоз, дарёфти манбаъҳои аз қайди расмӣ дурмонда, таҳлили амиқи фаъолияти андозсупорандагон, ҳамкории зич бо сохторҳои марбута, пурра ба қайд гирифтани андозҳои супоридашуда дар сатҳи паст қарор дошта, он барои пурраю сифатнок иҷро шудани буҷети давлатӣ монеъгиҳо эҷод намуда истодааст. Бо назардошти ҳолати имрўзаи андозсупорандагони аз буҷети давлатӣ қарзҳои калон дошта, масъулинро зарур аст, ки барои кам кардани ҳаҷми бақияи қарзи андозҳо бо истифода аз ваколатҳои андозситонӣ чораҳои қатъӣ андешанд.

Прокурори шаҳри Хуҷанд Авазҷон Назарзода ҳамчунин аз фаъолияти ширкатҳои сохтмонӣ дар самти пардохти андозҳо изҳори нигаронӣ карда, дастур дод, ки фаъолияти хешро дар асоси талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда, аз имконоту имтиёзҳои муҳайё намудани Давлату Ҳукумат сўйистифода накунанд. Бо дасту дили пок, бидуни пинҳоннамоии андозҳо фаъолияташонро шаффоф нишон диҳанд.

Ба роҳбарияти бозорҳои шаҳр супориш дода шуд, ки фаъолияти зердастонашро ба назорати қатъӣ гиранд ва аз пинҳонкунии сарчашмаҳои андоз худдорӣ намоянд. Дар сурати иҷро накардани уҳдадориҳо мақомоти прокуратура нисбати қонуншиканон чораҳои қонунӣ меандешад.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Авазҷон Назарзода ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрро натиҷагирӣ намуда, баҳри тақвият бахшидан ба фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, иҷрои самараноки нақшаи буҷети давлатӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини шаффофият дар фаъолият ҳар як корманди нозироти андоз, мавриди таҳлил қарор додани фаъолияти иқтисодии андозсупорандагони қарздор, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», баланд бардоштани ҳисси масъулияти кормандон ва маданияти андозсупорандагон ва ғайраҳо вазифагузорӣ намуд ва аз рўйи пешниҳодоти ироагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...