(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҷлиси фаъолон таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идора, мудирони шуъбаҳои шаҳрдорӣ, раисони маҳаллаҳо ва дигарон баргузор гардид.

Нахуст, Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар семоҳаи якуми соли 2021 маълумоти муфассал дода аз ҷумла афзуд, ки дар соли таърихии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми Хуҷандшаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои амалӣ андешида, барои ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми иқтидорҳою имкониятҳо самаранок истифода бурда истодаанд. Боис ба тазаккур аст, ки дар ин ҷода кулли сокинони шаҳр бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рўзафзун андешида, семоҳаи якуми соли 2021-ро бо нишондиҳандаҳои назаррас натиҷабардорӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ саноатчиёни шаҳр ҳадафи чоруми Стратегии миллӣ саноатикунонии босуръати кишварро сармашқи кори худ қарор дода, новобаста аз омилҳои ба вуқуъ пайваста чораҳои судмандро амалӣ намуданд. Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 318,2 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 34,5 миллион сомонӣ ё 12,2 дар сад афзоиш ёфтааст. Аз ин миқдор ба маблағи 76,7 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 14,0 дар сад афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад. Дар ин давра 6 адад корхонаҳои нави калону миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 166 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби ин корхонаҳои нав 92 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Инчунин аз ҷониби 66 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 112,8 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 10,3 млн. сомонӣ ё 10,0 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра аз 117 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 65 намуд ё 55,6 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст. Инчунин номгўи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 16 давлатҳои муштараку манофеъ содирот карда шуда истодаанд. Ба онҳо истеҳсоли маргарин, ранг ва қумпардозии минералӣ, дўхтани либоси варзишӣ, дўхтани либоси ҳарбӣ, ноқилҳои электрикӣ ва маҳсулоти дару тирезаҳои муосир мисол шуда метавонанд.

Зикр гардид, ки давраи сипаригашта дар шаҳри Хуҷанд тибқи иҷроиши дастуру супоришҳо ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди нави истеҳсоли маргарин ва равғани зарди ҶДММ “Субҳи заррин” ва корхонаи коркарди маҳсулоти ордӣ ва нонӣ СИ Ҷумъабой Абдулҳакимов ифтитоҳ гардид. Дар ин корхонаҳо бо истифода аз технологияи муосир коркарди маҳсулоти воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шудаанд. Ин чораҳои андешидашудаи босубот, барои зиёд гардидани иқтидори истеҳсолии маҳсулотҳои рақобатпазиру воридотивазкунанда, ҷойҳои нави корӣ, ҳаҷми сармоягузории дохилию хориҷӣ, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва манбаҳои андоз ба буҷети давлатӣ заминаи устувор гузоштанд. Дар ин давра барои азнавсозии технология ва муҷаҳҳаз гардонидани корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 8,0 миллион сомонӣ сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ ҷалб карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки яке аз рисолатҳои ниёгонамон корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ маҳсуб ёфта, дар ин самт бо истифода аз тамоми имкониятҳои ҷойдошта баҳрабардорӣ карда шуда истодааст.

Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ва дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059 ва Амри Раиси шаҳр аз 7 июни соли 2018, №109 нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2018 иборат аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ тасдиқ карда шудааст.

Дар маҷмўъ, дар давраи ҳисоботӣ 4 иншоот, аз ҷумла 2 адад марказҳои тиббӣ ва 2 адад корхонаҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода дода шуда, дар ин замина 100 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.

Бо мақсади ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр зам намудани ҳусну таровати замонавӣ 46 адад лампаҳо, чароғакҳою фурўзонакҳо, равшанкунакҳо ва шилшилаҳои муосир, 50 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 26 адад даромадгоҳҳо ва 3 адад лифтҳо, 755,0 м2 боми биноҳо ва 211 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд.

Дар ин раванд ҷиҳати кабудизоркунӣ дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа 1 ҳазору 777 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, 310,0 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишӣ, 44,0 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг ва 655,8 ҳазор дона пиёзаки гули лола шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад.

Илова бар ин, аз тарафи корхонаву ташкилотҳо, мактабу донишкадаҳо ва соҳибкорон дар маъракаҳои шанбегӣ 56 адад дарахтони мевадиҳанда ва 2,8 ҳазор дона гулҳои ороишӣ шинонида шуданд. Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар соли 2021-ум 42,3 км таъмири роҳҳо, аз ҷумла 31,3 км таъмири асосӣ ва 11,0 км таъмири ҷориро дар бар мегирад. Дар давоми семоҳаи аввали соли 2021-ум 224,3 тонна ба масоҳати 2 ҳазору 230,0 м2 асфалт хобонида шуд. Аз ҷумла, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рў ба рўи мағозаи “Армуғон” ба масоҳати 325 м2 ба миқдори 39,26 тонна мумфаршкунии яклухт ба иҷро расонида шуда, роҳи хиёбони Рифъат Ҳоҷиев бинои нави “Тоҷикстандарт” 92,7 тонна асфалт ба масоҳати 960 м2 мумфаршкунии ҷорӣ иҷро карда шуд. Дар роҳи микроноҳияи 13-ум 86,9 тонна асфалт ба масоҳати 900,0 м2, хиёбони Исмоили Сомонӣ аз назди гузаргоҳи зеризаминӣ то “Кохи Рўдакӣ” 5,4 тонна асфалт ба масоҳати 45 м2, рехтани мум ба тарқишҳои асфалти кўчаҳои марказии шаҳр хиёбони Раҳим Ҷалил аз давраи “Ягодка” то бурриши кўчаи Ҷалолиддини Румӣ тарафи рост 875м, тоза намудани ҷўйборҳои кўчаҳои марказии шаҳр ба маблағи 8 ҳазору 850,0 сомонӣ, ҳамагӣ ба маблағи 269,1 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шудааст.

Вобаста ба соҳаи маориф иттилоъ дода шуд, ки ҳамчун самтҳои афзалиятнок ба рушди соҳаи маориф таваҷҷўҳи хосса зоҳир карда шуда, бо мақсади тақвият бахшидан ба омўзиши фанҳои дақиқ, илму техника, ихтироъкориву навоварӣ ва ташаккули тафаккури техникӣ, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва дар доираи озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” 60 адад маҳфилҳои “Ровиёни беҳтарин”, “Шеърдўстони беҳтарин”, “Техникони наврас”, “Математикони ҷавон”, “Барномасозон” ва “Табиатдўстони ҷавон” дар муассисаҳои таълимӣ амал намуда истодаанд. Дар ин давра 314 нафар омўзгорони фаннӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз курси такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф гузашта, савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки он ба ҳисоби миёна 83,0 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони соҳаи маориф дар давраи ҳисоботӣ 45 нафар омўзгорон ба маблағи 46 ҳазору 760 сомонӣ, ба осоишгоҳҳо роҳхат гирифта, саломатии худро барқарор намуданд. Барои муҷаҳҳаз гардонии соҳа барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 35 адад компютер, 11 адад тахтаи электронӣ, 21 адад проектор ва 12 адад принтер харидорӣ карда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона иштирок намуда, дар ин росто 42 нафар хонандагони синфи 11 барои иштирок дар олимпиадаи ҷумҳуриявии соли ҷорӣ роҳхат гирифтанд. Инчунин барои фароҳам овардани шароити хониш сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, сохтмони бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Пўлотов”, муассисаи томактабӣ дар маҳаллаи Содирхон Ҳофиз идома доранд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба самтҳои дигари хоҷагии халқи шаҳр низ маълумоти муфассал дод.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз роҳбарону сардорони идораву ташкилоти марбутаи шаҳрдорӣ доир ба самтҳои фаъолият пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳо муҳлат ва вазифагузорӣ намуд.

Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд доир ба фаъолияти гуногунҷабҳаи хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд андешаҳои хешро баён дошт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо вазифагузорӣ ва муайян намудани самти фаъолият дар семоҳаи дуюм ба кори ҷаласаи фаъолони шаҳр ҳусни анҷом бахшид. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар соли ҷорӣ имрўз мо аз фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр натиҷабардорӣ намуда, бо қатъияти том зикр менамоем, ки рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар натиҷаи заҳмати софдилонаи фаъолон ва мардуми меҳнатқарини шаҳрамон таъмин гаштааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилоят ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир меандешад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...