05 Июл 2014
Дирӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии мутасаддиёни соҳаҳои зикргардида аз маҳаллаҳою мавзеҳои соҳили рости шаҳр дидан намуд. Ҳангоми боздиди кори худ Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҳолати нимпайкараи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов изҳори нигаронӣ намуда, ба кормандони масъули корхонаҳои Сарраёсати ободонӣ супориш дод, ки корҳои ободонӣ ва гулзоркунии ин мавзеро беҳтар намуда, сари вақт барои бо об таъмин намудани ниҳолу дарахтон, чораҳо андешанд. Раиси шаҳри Хуҷанд супориш дод то дар фурсатҳои кӯтоҳтарин нипайкара таъмир карда шуда, бо ҷалби кормандони корхонаю муассисаҳо шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шавад.
Бо мақсади иҷроиши супоришҳои зикргардида имрӯз дар қаламрави шаҳри Хуҷанд шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар маҳаллаҳои 31,32,33, ва 34 уми шаҳри Хуҷанд бо кӯмаки сокинон ва кормандони хоҷагию манзилию коммуналии соҳили рост ҷӯйборҳо тоза карда шуда, дар мавзеи нипайкараи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов сутунпояҳои чароғҳо таъмир ва фурӯзонакҳои он аз нав карда шуданд. Сокинони хобгоҳҳои № 44 ва №7 бошад барои ба тартиб даровардани манзили худ атрофии биноро аз партовҳо тоза намуданд.