(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Исфара дар деҳоти Ворух бинои Қасри фарҳангро пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ карор доданд.

Иншоот дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ бунёд шуда, майдони сохтмони зери бинои асосӣ 1100 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Қасри фарҳанг бо фармоиши Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз тарафи кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нарзулло-2008” бунёд шудааст. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 30 нафар сохтмончии маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Бинои мазкур аз таҳхона ва ду ошёна иборат аст. Дар таҳхона утоқҳои либосивазкунӣ барои ҳунармандон ташкил карда шудаанд.

Дар ошёнаи якум толори асосӣ бо 460 ҷойи нишаст, толори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нуқтаи назорати бехатарӣ ҷой дода шуда, ошёнаи дуюм аз утоқҳои корӣ, маҳфилҳои ҳунармандӣ, аз қабили навозандагию сарояндагӣ, рақс, ҳунарҳои мардумӣ, толори шашкаю шоҳмот ва китобхонаи электронию анъанавӣ иборат мебошад. Китобхона дорои 3 ҳазор нусха китоб  аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити мавҷуда ва суҳбат бо кормандону мутахассисони соҳа таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва дар самти ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба ҳунару ҳунармандӣ тадбирҳои судманд амалӣ менамояд. Ин аст, ки соҳаи фарҳанг дар кишвар ба таври назаррас рушд намуда, мутахассисони лаёқатманд ба камол мерасанд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки солҳои 2019-2021-ро фаро мегиранд, корҳои созандагию ободонӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат вусъат пайдо намуда, дар ин замина барои мардум шароити созгори зиндагӣ фароҳам омад. Бунёди иншооти таъйиноти гуногун, мумфаршкунии роҳҳо, ташкили боғҳои фарҳангии замонавӣ ва дигар тадбирҳои шоиста дар деҳаҳои дурдасти кишвар сабаби он гардид, ки барои сокинони бешуғл ҷои кори доимӣ ташкил гардад. Дар Қасри фарҳанги деҳоти Ворух 20 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуда, ҳамчунин теъдоди иштирокчиёни маҳфилҳо ба 70 нафар баробар гардид.

Қасри фарҳанг бо тарҳи ҷадид сохта шуда, намои берунии он ба зебоии маркази деҳот ҳусн зам мекунад.

Девораҳо ва сутунпояҳои Қасри фарҳанг бо истифода аз санъати меъмории миллӣ оро ёфта, дар саҳни он ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг шинонида шудаанд. Ҳудуди иншоот дар шаб пурра чароғон буда, барои таъмини фароғату истироҳати сокинон басо мусоид аст. Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур дар деҳоти Ворух боз як мавзеи истироҳату фароғат ташкил гардид.

Хотиррасон бояд шуд, ки бинои Қасри фарҳанг дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ҳанӯз соли 1971 сохта шуда, бо сабаби фарсуда шудан зарурат ба миён омад, ки бино пурра таҷдиду навсозӣ шавад. Бинои мазкур маҳз бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таҷдид гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва  Шаҳристони вилояти Суғд Қасрҳои бошукӯҳи фарҳанг бунёд гардидаанд, ки он барои баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ва рушди фарҳанг замина гузошт.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҳунар 18 адад созҳои мусиқӣ тақдим намуданд, ки он барои рушди соҳа ва пешниҳоди барномаҳои рангини фарҳангӣ замина мегузорад.

Дар толори ақди никоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз навхонадорон шаҳодатномаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва туҳфаҳои арзишманд супориданд.

Дар толори бошукӯҳи қасри фарҳанг ҳунармандони ҷавон барномаи ҷолибу тамошобоб пешниҳод карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба барномаи фарҳангии аҳли ҳунар, ки таҷассумгари дастовардҳои истиқлолу озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва пешрафту шукуфоӣ буд, баҳои баланд доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...
Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Таҳмина Ҳасановна 23 октябри соли 1982 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Миллата...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1030
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта6467
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта25976
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта42431
mod_vvisit_counterҲамин моҳ110101
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта187939
mod_vvisit_counterҲамагӣ5144336