(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, мулоқот бо мардум ва ифтитоҳи як қатор иншоот ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатии шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият самимона истиқбол гирифтанд.

Дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст майдончаи варзиширо мавриди истифода қарор доданд.

Майдончаи варзишӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ангишт” дар як муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд бунёд шудааст.

Ҷавонону наврасон имкон доранд дар майдончаи варзишӣ, ки барои бозии футболи хӯрд ва волейбол пешбинӣ шудааст, ба машқу тамрин машғул шаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати озоду самимӣ бо варзишгарон ва ҷавонону наврасон ба онҳо дастур доданд, ки ҳар чӣ бештар дар тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш фаъолона саҳм гузоранд.

Дар ҳудуди шаҳраку деҳоти шаҳри Исфара дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар баробари бунёди иншооти таъиноти гуногун ба сохтмони инфрасохтори варзишӣ низ диққати зарурӣ дода мешавад.

Замони соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳри Исфара 210 толору майдончаи варзишӣ бунëд ва ба истифода дода шудааст, ки дар ин замина дастовардҳои варзишгарон беш аз ҳарвақти дигар зиёд мегардад.

Таваҷҷӯҳ ба сохтмон ва истифода додани майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳраку деҳоти шаҳри Исфара имкон фароҳам овард, ки ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш бештар гардида, онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара хатти оби нӯшокиро, ки барои таъминоти 15000 аҳолӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Хатти оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб бо харҷи 13 миллион сомонӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дарозии он 11 километру 200 метрро ташкил медиҳад.

Тавассути ду пойгоҳи обкашӣ ба ҳавзи асосӣ, ки ғунҷоиши ҳар яке 2000 метри мукааб мебошад, бо қубури қутраш 273 миллиметра оби нӯшокӣ ба сокинони 56 бинои баландошёна ва 608 ҳавлии ҳудуди шаҳраки Шӯроб дастрас мешавад.

Иншооти мазкур дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби коргарону мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бунёд карда шудааст ва оянда барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара боз тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара ба 20 нафар калиди манзили истиқоматӣ тақдим карданд, ки аз онҳо 3 нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 10 кас аз оилаҳои ниёзманд, ятиму маъюб ва 7 нафар мутахассиси ҷавоне, ки дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ангишт” фаъолият менамоянд.

Манзилҳои истиқоматӣ аз ду ва се ҳуҷрагӣ иборат буда, дорои шароити мусоид ва ҷиҳози зарурӣ мебошад.

Аз ин ғамхории Сарвари давлат, ки пайваста нисбат ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва кормандони соҳаҳои буҷетӣ зоҳир карда мешавад, сокинони шаҳраки Шӯроб бо хушнудӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар доираи маъракаи ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Шӯроб бунёди иншооти гуногун ва дигар корҳои ободонӣ вусъат дошта, ҳамзамон дар шаҳрак тармим ва навсозии биноҳои истиқоматӣ, таъмини шароити зарурии зист, бунёди иншооти иҷтимоӣ, ободонии ҳудуди биноҳои истиқоматӣ, ба тартиб овардани роҳу роҳравҳо ва сабзкорию ниҳолшинонӣ босуръат идома дорад.

Дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатӣ шинос шуданд.

Сокинони заҳматқарин ва ҳунарманди шаҳри Исфара дар эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми назаррасу фаъол дошта, дар ин ҷо беҳтарин намунаҳои офаридаҳои хешро ба намоиш гузоштанд, ки ҷолибу диданӣ ва қобили таваҷҷӯҳ буд.

Ҳунари кадбонуҳои шаҳри Исфара низ дар омода кардани маводи ғизоӣ, аз ҷумла номгуи васеи нону кӯлча, таомҳои миллӣ ва анвои гуногуни қаннодӣ шоистаи таҳсин аст, ки ҳар номгӯи он тамъу лаззати хос доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара, ки мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ аст, баҳои сазовор дода, таъкид намуданд, ки ҳар чӣ бештар истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ба содирот нигарондашударо зиёд намоянд.

Нишондиҳандаҳои истеҳсолии яке аз корхонаҳои азими саноатӣ дар шаҳри Исфара Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ангишт” рӯ ба афзоиш буда, танҳо дар соли сипаригардида 73 ҳазору 939 тонна ангишт истихроҷ карда шудааст.

Маҷмуан ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Исфара бо бунёди корхонаҳои хурду бузург сол то сол бештар гардида, дар ин замина ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...
Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Таҳмина Ҳасановна 23 октябри соли 1982 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Миллата...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3143
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта6200
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта22366
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта36839
mod_vvisit_counterҲамин моҳ33434
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта152561
mod_vvisit_counterҲамагӣ4879730