02 Июл 2014

Бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз нархи маҳсулоти хӯрока ва натиҷагирӣ аз фаъолитяи кори комиссияи номбурда нимаи дуюми рӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозорҳои дар мавзеи «Панҷшанбе» ва маҳаллаи 34-ум ҷойгиршуда боздиди корӣ ба амал овард.
Роҳбарони бозорҳои номбурда ба Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ки онҳо барои танзими нархи гӯшт, равған биринҷ, картошка, орду маҳсулоти ордӣ ҳамарӯза чораҳои самарабахш менандешанд.
Холо дар тамоми бозорҳои маркази вилоят ва дӯконҳои гӯштфурӯшӣ нарзи як килограмм гӯшт 32 сомониро ташкил дода, он зери назорати қатъӣ гирифта шудааст. Ҳамчунин як килограмм нархи биринҷ то 7 сомонӣ, равғани растанӣ 8 сомониро ташкил медиҳад. Дигар намуди маҳсулот аз қабили орд ва маҳсулоти ордӣ, зироати лӯбиёгӣ картошка ва дигар маҳсулоти полезӣ бо нархҳои то 15% арзон манзури харидорон мегардад.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Маҳмадӣ Давлатов афзуд, ки ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро роҳбарияти мағозаҳои асосии маркази вилоят дар мавриди дар моҳи шарифи Рамазон бо нархи нисбатан арзон фурӯхтани маҳсулоти хӯрока дастгирӣ намуда, нархи ҳар килограмм гӯштро 31 сомонӣ муқаррар намуданд.
Раҷаббой Ахмадзода бо фурӯшандагони бозорҳо суҳбат намуда, зикр намуд, ки анъанаи неки ниёгонамон ҳамеша дар моҳи шарифи Рамазон, эҳсонкорию саховатмандӣ намудан имрӯз низ бояд идома ёбад. Зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мекӯшанд ҳар сокини кишвар ба хусус дар моҳи Рамазон барои харидории маҳсулоти ниёзи аввала душворӣ надошта бошад.
Раиси шаҳри Хуҷанд шахсони масъулро вазифадор намуд, ки ҳамарӯза фаъолити бозорҳо ва нархи маҳсулотро танзим ва назорат намоянд.