(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altНаврўз ҷашне аст, ки саросар шодиву сурур ва хурсандиву нишот дорад. Аз ин рў, дар ҳам минтақаи Тоҷикистон он урфу одат ва анъанаҳои махсуси худро дорад. Дар ин ҷо мухтасар доир ба анъанаҳои наврўзии ҳамдиёронамон дар такя ба китоби Д. Раҳимӣ «Наврўз, Меҳргон ва ҷашнҳои дигари ниёгон» бароятон маълумот медиҳем, то ки бештар аз пештара Наврўзро шиносем.

Муайян кардани фарорасии Наврўз

Бино бар гуфтаи фолклоршинос ва мардумшинос Д.Раҳимӣ сокинони деҳаҳои Ушхарв ва Шкеви Дарвоз саҳарии Наврўз ба ҷониби ғарб мешитобанд ва ба осмон нигоҳ мекунанд. Дар фазо агар се ситораро мушоҳида кунанд, ин нишонаи фарорасии Наврўз дониста мешудааст. Ҳамин гуна мушоҳидаи фарорасии Наврўз бо пайдо шудани ситораҳо дар «наврўзгоҳ»-ро дар деҳаҳои Қалъаи Лаби оби Қаротегин, дар ҳавзаи Хингоб низ мушоҳида кардан мумкин аст.

Дар деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошим санге аст, ки бо истифодаи он фарорасии Наврўз муайян карда мешавад. Ин сангро дар асри нуздаҳум марди донишманд – Муборакқадами Вахонӣ сохтааст. Ин олати сангӣ дар ҳамворӣ ҷойгир гаштааст ва сўрохие ба андозаи даҳони коса дорад. Шахси мушоҳидакунанда дузону нишаста ба сўрох менигарад. Агар офтоб аз ин равзана намудор гардад, пас ин нишонаи ворид гаштани Наврўз аст.

Мардумшиноси маъруф М.С.Андреев маълумот додааст, ки тоҷикони водии Хуф дарр як сол ду маротиба соли навро қайд мекунанд. Ин вобаста ба эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳии сол аст. Наврўзро – Сари соли буҳор ва эътидоли тирамоҳиро (ба 22 сентябр рост меояд) Наврўзи тирамо меномидаанд.

Барои сокинони Самарқанду Бухоро, Шаҳрисабзу Ҳисор ва Зарафшону Фарғона омадани лаклакҳо нишонаи фарорасии баҳор ва ҷашни Наврўз аст.

Фарорасии Наврўзро мунодии Наврўз эълон мекунад. Дар деҳаҳои Кўҳистони Масчоҳ – Роғ, Палдорак, Пакшиф, Демунора, Ярм, Сабағ ва ғайра бегоҳии соли нав яке ба одамони муътабар аз болои бом ва баландие баромада чунин эълон мекунад: «Пагоҳ соли нав, ҳар касс тавақи солинавии бобоиша тайёр кунад!» Мардум пагоҳ хўрокҳо омода карда ид барпо мекарданд.

Дар замонҳои пеш аз Инқилоби Октябр дар Ҳисор ҳангоми фарорасии Наврўз ва ба бурҷи ҳамал расидани офтоб аз тўп шиллик мепарониданд. Беки Ҳисор супориш медод, ки ошпазҳо ва нонвойҳо ба кўдакон бепул нону таом диҳанд.

Дар давраи ҳозира замони фарорасии Наврўз аз ҷониби пажўҳишгоҳҳои илмӣ пешакӣ муайян карда шуда, соати фарорасии Наврўз аниқу дақиқ мегардад.

Гулгардонии баҳорӣ

Дар фарорасии Наврўз дар маҳалҳои Тоҷикнишини Осиёи Миёна таомули гулгардонӣ маъруф аст. Онро тоҷикони минтақаҳои Осиёи Миёна ба тарзи гуногун ном мебаранд. Дар вилояти Хатлон онро «гули зардак», дар водии Ҳисор «гули наврўзӣ», дар Самарқанду Зарафшону Фарғона ва Қашқадарё «гули бойчечак» ва дар деҳаҳои болооби Зарафшон бошад, онро «бойкандак» меноманд.

Монандии маросими гулгардонӣ дар он аст, ки дар ҳама ҷо кўдакон бо он машғул мешаванд ва шеърҳо хонда гули баҳориро ба мардум нишон медиҳанд. Дар ивази ин аз калонсолон ва занҳо ҳадяҳои баҳорӣ қанду мавизу ғўлингу чормағз ва дигар шириниҳоро мегиранд. Дар маросими гулгардонӣ кўдакон шеърҳои идонаро мехонанд, ки матнашон аҷоиб аст. Масалан, дар «Бойчечаки Хуҷанд» ба кадбону фарзанддор шуданро таманно карда мехонанд:

Тахтачаю тахтача,

Худо тияд писарча.

Айнан чунин мазмунро дар шеърҳои гулгардонии Ҳисор мушоҳида карда метавонем:

Ба имонталаб имон теяд,

Ба муродталаб мурод теяд.

Кўчқор барин писар теяд,

Маҳтоб барин духтар теяд.

Дар Хуҷанд агар соҳибхона муроди бойчечакхонҳоро бароварда нагардонаду ба дастархон чизе надиҳад, писаракҳо мехонанд:

Ихнаю ихна,

Надодагӣ зихна.

Аҳмаду Аҳмад,

Додагива раҳмат.

Ҳамин гуна оҳангро дар Ҳисор ба мушоҳида гирифтаанд. Бачаякон холаи хасисро, ки ба рўяшон дарро намекушояд, танқид мекунанд:

Ҳама гулҳо гули лумба,

Задаст холем дара тамба.

Ба пушт хоб аст, намеҷунба,

Баҳори нав муборак бод!

Маросими гулгардонии баҳорӣ дар Бартанг моҳи апрел баргузор мегардад, зеро дар ин ҷо ҳаво сардтар буда, гулҳо дертар мешукуфанд. Дар ин мавзеъ маросими гулгардониро «Гулхкуфт» меноманд. Дар ин маросим аҳли деҳа як ҷо ҷамъ омада сари дустархон нишаста шодмонӣ мекунанд.

Кўдакони Кўҳистони Бадахшон дар Наврўз аз субҳ табрикоти наврўзиро бо сароидани суруди «Калоғузғуз» оғоз мекунанд. Калоғузғуз номи парандаест, ки дар Наврўз пайдо мешавад ва он ҳамон ҳудҳуд ё шонасарак мебошад. Матни суруди кўдакон ин аст: Калоғузғуз баҳор омад, Баҳори лолазор омад. Бо юғу сипор омад, Шогун баҳор муборак!

Дар Бадахшон Наврўзро Шогун меноманд. Аз ҳамин сабаб «Шогун баҳор муборак!» мегўянд.

Дар Бухоро бошад, маросими монанд ба гулгардониро «булбулхонӣ» мегўянд. Дар ин ҷо бачаҳоро ба хона дароварда болои гилем чорзону нишонда соҳибхона тақозо мекунад, ки шеърро хонанд. Аз сабаби тараннуми хуби шеъри баҳорӣ дар Бухоро ин маросим «булбулхонӣ» ном гирифтааст.

Дастархони наврўзӣ

Дастархони наврўзӣ дар ҳар минтақаи тоҷикнишин вобаста ба шароити табии маҳал ва фаровонии ҳосили меваву ғалла ҳархела буда, дар дастархон ғизои аз онҳо омодашударо дидан мумкин аст.

Дар дастархони қадимаи наврўзӣ дар ҳафт табақ ҳафт навъи меваҳо гузошта мешуданд ва ин меваҳо иборат буданд аз анор, себ, нок, ангур, чормағз, бодом ва ғўлинг (зардолуи хушк).

Ҳафт син ва ҳафт шин нисбатан одати нав буда, дар гузашта мардуми тоҷик ба дастархон шарбати ҳафтмева мегузоштанд. Шарбати ҳафтмева тибқи суннати гузаштагон аз ғўлинг, олуча, олуи хушк, мавиз, шафтолуқоқ, себқоқ ва хуч (шиповник) тайёр карда мешуд. Воқеан истеъмоли чунин шарбатро духтурон ҳам маслиҳат медиҳанд.

Дар дастархони наврўзӣ ин шарбат ҳамчун даво бо нияти шифо нўши ҷон мегашт. Ҳафтмеваро ҳоло дар деҳаи Хўҷилдиёри Болои ноҳияи Ҳисор ба муносибати Наврўз тайёр мекунанд.

Дар дастархони наврўзии деҳаи Чиптураи ноҳияи Шаҳринав дастархони ҳафтмеваи идонаро бо ширкаду оро медиҳанд. Барои ин кор дар тирамоҳ кадуҳоро интихоб карда, ба ҷои хунук мегузоштанд. Дар Наврўз бошад, ширкаду пухта мехўрданд ва инро «меваи биҳишт» меномиданд.

Хўрокҳои наврўзӣ асосан аз ғалладона омода мегардад. Масалан, сумалак ҳам аз гандум мешавад. Дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон дар Наврўз бо истифодаи гандум хўрокҳои дигареро ҳам мепазанд. Дар Ҳисор аз гандуми кўфта ва нахўту лўбиё ва гиёҳҳои хуштаъм хўроки «гандумкуча» мепазанд. Ин хўрокро дар Кўлоб «далда», дар Яғноб «кашк», дар Бадахшон «боҷ», дар Панҷакент «ғўҷа» меноманд.

Таҳияи хўрокҳои сафедранг дар Наврўз нишонаи покӣ ва бегуноҳӣ аст. Аз ҳамин сабаб, дар дастархони наврўзӣ шир ва маҳсулоти ширӣ, ҷурғоту панир ва амсоли инҳо фаровон истифода мегардад. Ширбиринҷ ҳам ранги сафед дорад, аз ҳамин сабаб дар дастархони наврўзӣ ҳамчун нишонаи покӣ ҷой дода мешавад. Ба дастархони наврўзӣ гузоштани гўшти мурғ ва моҳӣ низ аз одатҳои наврўзӣ мебошад. Чунки гўшти ин ҷонварон низ сафед буда, аз покӣ ва бегуноҳӣ нишона аст.

Шугун ва фолҳои наврўзӣ Вобаста ба фарорасии Наврўз шугуну боварҳои мардумӣ ҳастанд, ки дар ин ҷо чанде аз онҳоро меорем. Мардуми Вароруд (Мовароуннаҳр) агар дар арафаи Наврўз раъду барқ шавад, қошуқро болои бом мепартофтанд. Агар даҳони чумча дар зер бошад, фол мезаданд, ки соли нав сербориш мешавад ва агар даҳони чумча боло бошад, ҳадс мезаданд, ки соли хушк ва камҳосил мешавад.

Агар дар Наврўз турнаҳо бенизом ва боло паранд, он нишони хушксолӣ буд ва агар бонизому аз паст паранд, он нишони соли бобаракат ва серборишу серҳосил буд. Агар дар Наврўз кас рўи одами хубро бинад, чунин фол мегирифтаанд, ки тамоми сол бо зебогиву хушнудӣ сипарӣ мегардад.

Баъди даромадани Соли Нав, яъне Наврўз дари хонаро кушода мемонанд, агар меҳмони мард аз дар дарояд он нишони фаровонии сол аст.

Касе, ки ин шавиштаҳоро хонд хушбахти наврўзӣ аст ва соли наваш бо хушиву хуррамиву хирад мегузарад, зеро ин навиштаҷот дар тараннуми Наврўз аст. Баҳори нав, Наврўзи нав муборак!


Ислом Раҳимов
мардумшинос

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...