26 Июн 2014
Таърихи зиёда аз ду даҳсолинаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди расидан ба Истиқлолият, ки фарогири айёми мудҳиши даргириҳо дар оташи ҷанги бемантиқи дохилӣ ва муваффақ шудан ба сулҳи пойдор ва ваҳдати миллист, бо маънои томаш мактаби бузургу нотакрори давлатсозию давлатдорӣ ва эҳсоси хештаншиносиву худогоҳии миллист, ки тавассуташ кишвари азизи мо тавонист худро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари нодири сулҳофар муаррифӣ намояд.
Ҳабдаҳ сол муқаддам айёми фирӯзу фархунда, санаи сарнавиштсози халқу миллати тоҷик - Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро расид. Баъди даргириҳои зиёд, кулфатҳои гӯшношуниди ба сари мардуми аз азал оромидӯсту амниятпарвар фурӯрехта ақли солим ғалаба кард, ба сарзамини азиятдидаи мо сулҳи деринтизор омад.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997-ум ба вуқӯъ пайваст, барҳақ, воқеаи таърихиву тақдирсоз натанҳо барои сокинони кишвар, балки барои кулли ҳаммиллатони бурунмарзиамон низ буд, ки Тоҷикистонро хонаи уммеди худ хондаанд.
Ҳамин аст, ки бо гузашти солҳо баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдат институтҳои воломақоми сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро ба хотири татбиқи он дар минтақаҳои пурхурӯҷ ва даргири олам меомӯзанд. Сарпарасти сулҳи тоҷикон Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо ҳаққу ҳуқуқи комили маънавӣ роҳи ягонаи таъмини сулҳу амниятро дар кишварҳои ҷангзада таҳаммули тарафҳои даргир ва нишастан паси мизи гуфтугӯ эълом доштаанд.
Солҳое, ки Тоҷикистон баъди расидан ба сулҳи умум аз сар гузаронд, марҳилаи рушди баркамоли кишварамон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ маҳсуб мешавад, ки аз баимзорасии Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сарчашма мегирад.
Аз самими қалб, бо эҳтироми бепоён ҳамдиёрони азизро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муборакбод мегӯям. Бигзор сулҳу амният ҳамеша пойдор, пояи Истиқлолияти кишварамон устувор ва хонадони тоҷикону тоҷикистониён нурбор бошад!
Иди Ваҳдати миллӣ муборак бод!
Раиси шаҳр Р. Аҳмадзода