21 Июн 2014
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода низ 45 нафар сокинонро қабул намуда, барои ҳалли мушкилоти онҳо ва чораҷӯи намудан ба роҳбарони дахлдор супоришҳои мушаххас дод. Ин навбат дар рӯзи қабул муроҷати бештари мардум дар мавриди ҳалли мушкилоти таъмини замини наздиҳавлигӣ, баҳси манзил ва сохтмони иншоотҳо, ташкили фурӯшгоҳи сайёри маҳсулоти полезӣ ва сабзавот, кӯмаки моддӣ ва сохтмони манзил буд. Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарони воҳидхои сохторӣ нисбати халли мушкилоти мардум, сари вақт расидагӣ намудан ба шикояти онҳо, баррасӣ намудани мактубу муроҷиати онҳо тибқи муқаррароти қонун дастур дод.