21 Июн 2014

Раиси шаҳр ба рафти аксия, сифати хизматрасонии табибон ва шароити фароҳам овардаи масъулин таваҷҷӯҳ намуд.
Ба Раҷаббой Аҳмадзода маълумот дода шуд, ки то имрӯз дар 6 Марказҳои саломатии шаҳр, Беморхонаи шаҳрии № 1 ва № 2, Беморхонаи вилоятӣ ва 3 ширкатҳои тиҷоратии шаҳри Хуҷанд маъракаи хунсуорӣ сурат гирифт.

Барои дар сатҳи баланд ва бо риояи тамоми талаботҳои тиббӣ баргузор намудани ин аксия 10 нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат бо нақлиёти махсусгардонидашудаи барои гирифтан ва нигоҳдории хун пешбинӣ шуда омодаи қабули ихтиёриён ҳастанд. Ҳамчунин барои сокинон мувофиқи хоҳиши онҳо гурӯхи хунашон низ ба таври ройгон муқаррар карда мешавад.
Пешбинӣ гардидааст, ки то интиҳои аксияи мазкур боз дар 20 ташкилотҳои ғайритиббӣ ин чорабинӣ доир карда шавад.