26 Январ 2021
Дар соли 2020 ҳамагӣ 5182 адад мактубҳо вобаста ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаҳои мухталиф ворид гардида, аз рўи мансубияташон ба шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои баррасӣ ва корбарӣ ирсол карда шудааст. Дар ин давра мактубҳои содиршуда таҳти имзои роҳбарияти шаҳр 2760 ададро ташкил дод.
Илова бар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 4251 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид, ки назар ба ҳамин давраи гузашта 444 адад кам мебошад.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридгардида вобаста ба масъалаи гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 491 адад ё 11,6 фоиз, бақайдгирии манзил ва биноҳои сохташуда 656 адад ё 15,4 фоиз, оид ба гирифтани қитъаи замин барои сохтмон 580 адад ё 13,6 фоиз, оид ба сафари ҳаҷ 125 адад ё 2,9 фоиз, оид ба таъмин шудан бо манзили истиқоматӣ 370 адад ё 8,7 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 188 адад ё 4,4 фоиз, оид ба ҳифзи иҷтимоиёт ва кўмаки моддӣ 461адад ё 10,8 фоиз, ҳифзи ҳуқуқи кўдак 249 адад ё 5,9 фоиз ва ғайраҳо мебошанд.
Ҳамчунин шумораи муроҷиатҳои воридгардида аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 219 адад ва аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 730 ададро ташкил медиҳад.
Маврид ба қайд аст, ки қабули шаҳрвандон дар рўзҳои чоршанбе ва шанбеи ҳар моҳ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз рўи ҷадвали тасдиқгардида ва тибқи системаи хизматрасонии “Равзанаи ягона” ҷараён гирифта, аз ҷониби роҳбарияти шаҳр 742 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи гузашта 385 нафар шумораи муроҷиаткунандагон кам шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки муроҷиатҳои воридшуда дар мўҳлатҳои тибқи қонунҳои амалкунанда муқарраргардида баррасӣ карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 50 адад эътирозҳои прокурорӣ ба 20 қарорҳои раиси шаҳр оварда шудааст, ки аз он 13-то ба қарорҳои алоҳида, 30 эътироз ба бандҳои замимаи 7 қарори раиси шаҳр, 5 адад ба амр ва 2 адад ба иҷозат барои сохтмон мебошад.
Ҳамзамон, аз ҷониби прокуратураи шаҳр ва вилоят 31 адад амр ва 28 адад пешниҳод оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда ворид гашта, дар мўҳлатҳои муқарраргардида баррасӣ гардиданд.