21 Июн 2014
Дар майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакон ва машғул шудани онҳо ба намудҳои варзиши баскетбол, тамрини бадан, баскетбол шароит фароҳам оварда шудааст. Раиси шаҳри Хуҷанд барои кӯдакони маҳалли мазкур тӯб, шоҳмот шашка ва дигар ҷиҳози варзишӣ тӯҳфа намуда, барои тарбияи солими насли наврас шуғли ҷавнону наврасон ва дар вакти таътили тобистона ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ ҷалб намудани онҳо ба роҳбарони сохторҳои марбута дастур дод.
Барои бунёди майдончаи варзишӣ зиёда аз 10 ҳазор сомонӣ масраф шуда, барои дар ҳолати зарурӣ нигоҳ доштани ин майдонча аз ҷониби худи сокинон гурӯҳи ташаббускор ташкил шудааст.
Лозим ба ёдоварист,ки ин ҳафтумин майдончаи варзишӣ ба ҳисоб рафта, мувофиқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд ва накшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 20 солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 13 чунин майдончаҳо дар маҳаллаҳои маркази вилоят бояд мавриди истифода қарор дода шаванд.