19 Июн 2014
Дар он наздик 40 нафар ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд, гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар семинар нозири калон оид ба супоришҳои махсуси Раёсати Агентӣ Шӯҳрат Абдуллозода вобаста ба мавзуи семинар баромад намуда, доири оқибатҳои тиббӣ-иҷтимоӣ ва ҳуқуқии нашъамандӣ, барномаи ҳукуматӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ, роҳҳои пешигирии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим маълумот дод. Лозим ба ёдоварист, ки ҳар сол санаи 26 июн дар ҷаҳон Рӯзи байналмиллалии мубориза бо сӯистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғариқонунии он, қайд карда мешавад. Чорабинии омӯзишии мазкур ба ин сана бахшида шуда, ташкилоту муассисаҳои дахлдор бобати баланд бардоштани маърифати сокинон бахусус ҷавонон чорабиниҳои зиёди варзишӣ фарҳангӣ ва маърифати мегузаронанд.
То имрӯз бошад бахшида ба ин сана фестивали варзишии ҷавонону наврасон, озмуни иншо, реферат ва газетаи девории беҳтарин дар мавзӯи тарзи ҳаёти солим доир гашта истодааст. Чорабиниҳои ниҳоӣ ва ҷамбасти озмунҳои номбурда санаи 26 июни соли равон ҷамбаст мегардад.