(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз ҷомеаи меҳнатии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум ироа гардид, тариқи оинаи нилгун тамошо намуданд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Вобаста ба соҳаи тандурустӣ, бахусус вазъи бемории короновирус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки: “Соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид. Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд. Яъне мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем. Дар навбати аввал, бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид намудем.

Аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд. Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд. Илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд.

Таъкид гардид, ки бо дарназардошти он ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлол маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, то 2,1 миллиард сомонӣ расонидааст. Дар ин давра зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ тайёр карда шудаанд.

Ҳоло дар соҳаи тандурустии кишвар қариб 110 ҳазор нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 75 ҳазор нафарашон табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ буда, беш аз 68 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Пешвои муаззами миллат махсусан зикр намуданд, ки “Ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям. Ҳамчунин, ба кулли сокинони кишвар, ки дар чунин давраи душвору вазнин сабру таҳаммул нишон дода, ба воҳимаву таҳлука наафтоданд, баръакс, муттаҳид шуда, эҳтирому иззати ҳамдигарро ба ҷо оварданд, табибон ва оилаҳои онҳоро дастгирӣ карданд ва баробари Ҳукумат заҳмат кашиданд, инчунин, ба соҳибкорони ватандӯст ва дигар шахсони саховатпеша, ки ба муассисаҳои тандурустӣ, табибон ва оилаҳои камбизоат бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи ғизоӣ кумак расониданд, сипоси бепоён мегӯям.

Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишварамон бемории сироятии КОВИД – 19 аз байн рафтааст.

Лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.

Дар соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои муассисаҳои тиббӣ дар ҳаҷми қариб 1 миллиард сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ, доруворӣ ва маводи муҳофизатӣ харидорӣ карда шуд. Дигар самти афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ мебошад. Бо ин мақсад, дар соли 2020–ум 108 иншооти нави тандурустӣ бунёд ва 283 иншоот аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сироятёбӣ бо барангезандагони ҳар гуна бемориҳо ба яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст.

Аз ин лиҳоз, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки масъалаи таъсиси Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусшиносиро мавриди омӯзиш қарор дода, пешниҳодҳои худро оид ба ҳалли ин масъала ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...
Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Таҳмина Ҳасановна 23 октябри соли 1982 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Миллата...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1241
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта4712
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5953
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта40583
mod_vvisit_counterҲамин моҳ130661
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта187939
mod_vvisit_counterҲамагӣ5164896