21 Январ 2021
Шумораи умумии ҷавонон дар шаҳр 61,9 ҳазор нафар буда, аз ин 30,9 ҳазор нафар духтарон ва 31 ҳазор нафарро писарон ташкил медиҳанд.
Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 150 чорабиниҳои сатҳи мухталиф аз қабили вохўриву мулоқотҳо, озмунҳо, конфронсҳо, аксияҳо, чорабиниҳои маънавӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, фестивалҳо, корҳои ободониву созандагӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ва монанди инҳо бо иштироки беш аз 166 ҳазор нафар наврасону ҷавонон, варзишгарону мухлисон баргузор гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ, 30 аксияҳо ва ҳамоишҳои мухталиф доир ба мавзўҳои “Садоқат ба Пешвои миллат-садоқат ба Ватан”, “Ба муҳофизати Ватан омодаем!”, “Барои Тоҷикистон хизмат мекунем!”, “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат!”, “Пешвои мо-ифтихори мо!”, “Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти м”, “Ширкат дар интихобот қарзи ҳар як шахс аст”, “Ман ба тақдири имрўзу фардои миллат бетараф нестам”, “Интихоби шоиста кафолати пойдории Ватан аст”, “Барои зиндагии шоиста дар интихобот ширкат меварзем” бо иштироки ҷавонону варзишгарон доир гардида, дар он 1000 дона маводҳои таблиғотӣ дар мавзўъҳои мазкур паҳн карда шуд.
Айни замон, дар мақомоти маҳаллии шаҳр 25 нафар ҷавонон, аз ҷумла 8 нафар ҷавондухтарон дар вазифаҳои гуногуни хизмати давлатӣ фаъолият намуда, 7 нафар ҷавонон ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд интихоб гардиданд.
Бо мақсади ба шуғл фаро гирифтан, ташкили чорабиниҳо дар самти бо ҷойи корӣ таъмин намудани ҷавонон 12 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ баргузор гардида, ба зиёда аз 150 нафар ҷавонон барои бо ҷойи кори таъмин шудан мусоидат карда шуд.
Ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 вохўриву мулоқотҳо бо иштироки 3000 нафар ҷавонону варзишгарон оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии баргузор гардиданд.
Хамзамон аксияҳо таҳти унвони “Барои шукуфоии Тоҷикистони азиз овоз медиҳем”, “Ширкат дар интихобот қарзи фарзандии ман аст”, “Интихоб намудани Президенти давлати худ барои ман ифтихор аст”, “Овози Шумо ҳалкунанда аст” бо иштироки зиёда аз 3000 нафар ҷавонони фаъол гузаронида шуда, дар он 5000 дона маводҳои иттилоотӣ тақсимот гардиданд.
Ҳамчунин санаи 5 ноябри 2020 конференсия таҳти унвони “Савганди Пешвои миллат-савганди мо ҷавонон” дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд. Дар конференсия дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, тарбияи кадрҳои худшиносу ватандўст, соҳиби донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир, фидокор ва содиқ ба Ватану миллат баромадҳо карда шуданд.
Бо мақсади ҳавасмандкунии ҷавонони болаёқат ва варзишгарон санаи 28 декабри соли 2020 ба 100 нафар хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ ва варзишгарон Стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд. Ҳамчунин ҷаласаи навбатии Шўрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, қарор ва нақшаи Шўро барои соли 2021 тасдиқ гардид.
Ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноят, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон зиёда аз 50 вохўриву мулоқотҳо бо ҷавонони муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ ва кумитаи маҳаллаҳо доир ба мавзўъҳои мазкур баргузор гардид.
Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 беш аз 80 аксияву корҳои тарғиботӣ-фаҳмондадиҳӣ доир гардида, дар он зиёда аз 1700 дона ниқоб, 9000 дона варақаҳои иттиллоотӣ ва муроҷиатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд тақсим карда шуд.
Баробари дастовардҳо ва корҳои анҷомдода дар соҳаи ҷавонон ва варзиш баъзе муаммоҳо вуҷуд доранд, ки бартараф намудани онҳо ба рушди соҳа мусоидат хоҳад кард.
Аз ҷумла, баҳри мукаммал ва дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани машғулиятҳои варзишӣ ва дар ин замина тайёр намудани варзишгарони беҳтарин норасогии таҷҳизотҳои варзишӣ дар мактабҳои варзишӣ ба назар мерасанд.
17.2. Барои сари вақт таъмин намудани нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамасола тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, иҷроиши он тибқи муҳлатҳои муқарраргардида таъмин шуда истодааст. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, амалҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои террористиву экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ ва монанди инҳо бо иштироки беш аз 65 ҳазор нафар наврасону ҷавонон, варзишгарону мухлисон баргузор гардиданд.
17.3. Дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 300 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 7 варзишгоҳ, 185 майдончаҳои варзишӣ, 68 толори варзишӣ, 4 ҳавзҳои шиноварӣ, 37 иншооти махсуси варзишӣ ва 1 маркази варзишӣ ва мгардонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Ҳамчунин, бунёд ва азнавсозии толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ бо маром идома дорад.
Дар шаҳр мактабҳои варзишӣ бо теъдоди 132 нафар мураббӣ аз рўи 29 намуди варзиш ба 4090 нафар ба варзишгарон машқу тамрин медиҳанд, ки ин шумора 421 нафарашон духтарон мебошанд.
Тибқи ҷадвали баргузории машқҳои пагоҳирўзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!” 35 маротиба машқи дастаҷамъони пагоҳирўзӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он 15030 нафар ҷавонону варзишгарон ва сокинон, аз ҷумла 6845 нафар духтарону бонувон иштирок намуданд.
17.4. Бо мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти м, ҷалби васеи омма ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бахшида ба санаҳои таърихӣ 55 чорабиниҳои варзишӣ, аз қабили мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуривӣ, спартакиадаҳо, дави наврўзӣ, веломарафон ва монанди инҳо бо ҷалби беш аз 35 ҳазор нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун баргузор гардиданд.
Тибқи Нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, мгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои варзишӣ аз рўи намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, теннис, каратэ – до, таэквандо, варзиши сабук, гўштини тарзи озод, дзюдо, гўштини юнони-румӣ, гўштини миллӣ, самбо, бокс, бадминтон, чавгонбозӣ ва шиноварӣ ташкил ва гузаронида шуд.
17.5. Баҳри дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр сохта ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ ва бозии бачагона тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истода, дар доираи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 40 адад иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Соли ҷорӣ бунёд ва ба истифодадиҳии 15 майдончаҳои варзишӣ ва бозии бачагона ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад.
17.6. Ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноят ва эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз бегонапарастӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон, шинос намудани онҳо бо дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, тарғиби либоспўшии миллӣ ва саҳм гузоштани ҷавонон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ дар байни ҷавонон мунтазам корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида шуданд.
Ҳамчунин, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 60 маротиба аксияву корҳои тарғиботӣ-фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби ҷавонону варзишгарон ва кормандони мактабҳои варзишӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тариқи гаштугузори хона ба хона, гузаронида шуда, 1500 дона ниқоб, 7000 дона варақаҳои иттиллоотӣ ва муроҷиатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тақсим карда шуд.
Дар ин давра бо ҷалби аъзоёни “Пайравони Пешвои миллат” дар байни наврасону ҷавонон зиёда аз 30 вохўриву мулоқотҳо доир гардида, аз ҳамаи ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки мо бояд шукронаи тинҷиву оромӣ намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон ва риояи қонунҳои миллӣ, инчунин баланд бардоштани маданияти оиладорӣ ва шаҳрдорӣ, саҳми босазои худро гузорем.