14 Июн 2014
Бо кӯмаку мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кӯчаи мазкур, ки наздики як километрро ташкил медиҳад, пурра асфалтпӯш карда мешавад. Пешбинӣ мешавад, ки роҳи мазкур давоми 10 рӯз аз таъмири хушсифат бароварда мешавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид ва шиносоӣ аз корҳои мумфаршкунии ин кӯча, бо роҳбарони идораи роҳсозӣ ва сокинони кӯча мулоқот анҷом дода, изҳори умедворӣ намуд, ки сокинону соховатмандони дигар маҳаллаҳо низ дар радифи ин дастгириҳо, ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро бобати тариқи ҳашар ободу таъмир намудани роҳу кӯчаҳои дигар мавзеҳои Хуҷанд, пайварӣ хоҳанд кард.
Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд ҳамвора дар 8 кӯчаю маҳаллаҳо корҳои таъмиру асфалтхобонӣ рафта истодааст.