(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳр баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилоят Зуфар Исмоилзода низ ширкат дошт.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни баромади худ, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар ҳаёти сиёсиву фарҳангии кишвар соли равон чун соли хотирмону фараҳбахш боқӣ хоҳад монд. Зеро мардуми соҳибназар, ваҳдатшиор ва бошарафи кишварамон бо масъулияти бузург ва самимияти хосса маъракаҳои муҳими сиёсӣ – Интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагону маҷлисҳои маҳаллӣ ва интихобот ба маснади Президентиро дар сатҳи баланд баргузор намуданд. Бо ташаббус ва талошҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон истиқлолият ва ваҳдати сар то сарӣ аз рӯйдодҳои муҳиму тақдирсоз ба ҳисоб рафта, таҷлили 5500 - солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии ҷашни Камоли Хуҷандӣ ба аҳли башар бори дигар собит намуд, ки мо барандагони мероси бою қадима ҳастем. Ин ҷашнҳои таърихӣ ҳамчун идеяи бузурги миллӣ барои ояндагон мерос хоҳад монд. Алҳол ҳар як шаҳрванди бо нангу номус, хоссатан аъзо ва пайравони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пештози ҳамагуна иқдомҳо гардида, бо руҳияи бузурги миллӣ ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатро бо армуғонҳои меҳнатӣ пешвоз гиранд.

Фирдавс Шарифзода вобаста ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтани рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ аҳаммияти таҳкиму густариши муносибатҳои байналмилалиро дучанд менамояд. Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. Чунонки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо иброз намудаанд, ки кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд. Ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, коҳиш дода, баръакс, боиси пуштибонӣ ёфтани гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аз ҷониби баъзе доираҳо ва истифодаи ин нерӯҳои даҳшатнок ба муқобили минтақаву давлатҳои алоҳида мегардад. Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд. Бояд қайд намуд, ки дар оромиву суботи сиёсӣ мамлакатамон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби ормонӣ ва воқеан ҳам мардумӣ нақши калон дорад. Ин ташкилот аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҳалқпарваронаро пеш гирифта, бо барномаҳои мукаммали худ дар беҳдошти вазъи сиёсӣ, иҷтимоиву маънавии мамлакатамон саҳми босазо гузоштааст. Дар сафҳои он сиёсатмадорони варзида, олимону адибони тавоно ва ниҳоят ҳизбиёни содиқу вафодор сарҷамъ омада, тавассути дониш, малака ва иродаи худ ҳадафҳои стратегии давлатро миёни омма роҳандозӣ мекунанд. Ва дар ин ҷода муваффақ ҳам ҳастанд. Мо ҳамарӯза дастгирии аъзо ва пайравони ҳизби қудратмандро дар фаъолиятамон эҳсос менамоем.

Иттилоъ дода шуд, ки кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи калонтарин ташкилоти ҳизбӣ на танҳо дар миқёси вилоят балки дар ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар пиёда кардани талаботи оинномавию барномавии ҳизб мавқеи пешсафиро ишғол менамояд. Дар ташкилоти ҳизбии шаҳрӣ 18 ҳазору 274 нафар аъзо дар 5 кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва 234 ташкилоти ибтидоӣ сарҷамъ омадаанд, ки ин бешубҳа қувваи бузург аст. Гузашта аз ин аз 40 вакилони шаҳрии Маҷлиси вакилони халқро 37 нафар вакилон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки худ ин рақам далолати боварию эътимоди интихобкунандагон ба ҳизб аст. Аз шумори умумии вакилон 30 дар садро ҷавонону бонувон ташкил медиҳанд. Саҳми ҳизбиён дар тарғибу ташвиқи нуктаҳои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси олии кишвар, дар сатҳи баланд доир шудани маъракаҳои интихобот ва пешгириву мубориза ба бемории сироятии КОВИД – 19 хеле калон аст. Маҳз дар рӯзҳои барои миллат мушкил кумиҷроияи шаҳрии ҳизб дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо таъсиси ситод дар 22 кумитаи маҳаллаҳо корбариро вусъат бахшида, сокинонро ҳушдор доданд, ки талаботҳои санитариву гигиениро риоя намоянд.

Фирдавс Шарифзода рисолати аслии ҳизбиён ин шунидани арзу шикоятҳо ва таклифу пешниҳодҳои онҳо ҷиҳати таҳким бахшидани фаъолият арзёбӣ намуда, қайд кард, ки эътимоду боварии мардум ба ҳизб сол то сол беҳтар мегардад. Дар нӯҳ моҳи ҳисоботӣ муроҷиати 417 нафар шаҳрвандон тавассути қабулгоҳи ҷаъмиятӣ ва ҳали он бозгӯи гуфтаҳои болоӣ мебошад. Ҷалби бештари аъзо ва назорати ҳаракати аъзо, низоми ҳуҷҷатгузорӣ, пардохти саривақтии аъзоҳаққӣ, баргузории хонишҳои сиёсӣ аз вазифаҳое ҳастанд, ки имрӯз кумиҷроияи шаҳрӣ бевосита ба он машғул аст. Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки шомилшавии аъзо аз ҳисоби кормандони соҳаи савдо, бонк рӯ ба афзоиш ниҳода, ҳанӯз ҳам ҷалби аъзо дар соҳаҳои саноат ва сохтмон беҳбудӣ мехоҳад. Ба ин кор пеш аз ҳама худи роҳбарони корхонаву ташкилотҳо бояд ташаббус нишон диҳанд. Дар робита ба масъалаи қабули аъзои нав ба сафи ҳизб ба масъулини ҳизбӣ таъкид месозам, ки набояд танҳо аз пайи шумора рафт, баръакс бештар ба сифатҳои шахсии аъзои ҳизб эътибор дода, пеш аз ҳама, хоҳишмандон ва шахсонеро ба сафҳои ҳизб ҷалб бояд кард, ки маърифату маънавиёти баланд дошта бошанд ва ғояҳои созандаи ҳизбро содиқона ҷонибдорӣ намоянд. Бояд ҳар як сокини шаҳр дарк кунад, ки дар ҳалли мушкилиҳои онҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ паҳлӯи мақомоти иҷрроияи ҳокимияти давлатӣ аст. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд аъзоёни ҳизб таблиғгари фаъоли ҷомеа буда, дар баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ нақши калон доранд. Бо ташкили шӯъбаҳои кор бо занону ҷавонон мавқеи ҳизбро дар байни ин қишрҳои ҷомеа мустаҳкамтар намуданд. Гузашта аз ин, шӯрои собиқадорон дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд ва минбаъд аз рӯи маслиҳату роҳнамоии пирони кор ва соҳибхирадон фаъолияти ҳизб пеш меравад.

Шаҳрдор аз иқдомҳои пайвастаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бобати пешгирии амалҳои ифротгароиву террористӣ, даъват ба зиндагии ростин, истиқбол намуда, зикр дошт, ки ин ташаббусҳоро минбаъд дастгирӣ хоҳад кард. Таъкид шуд, ки таъсиси гурӯҳи кибердружина дар назди кумиҷроия, фаъол будани сомонаи ҳизбӣ ва мунтазам нашр шудани газетаи шаҳрӣ бо номи “Шафақ”, ҳамзамон ширкати фаъолона дар вокуниш нишон додан ба мақолаҳои бӯҳтонангези душманони миллат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ далолат аз он медиҳад, ки кумиҷроия дар ин самт низ муваффақ аст. Ио бояд корро дар самти солим нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоӣ дар маҳалҳо пурзӯр намоем, то ки паҳншавии таъсири равияҳои гуногуни иртиҷоӣ ва ифротӣ пешгирӣ карда шавад. Дар ин раванд бояд ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва назари воқеӣ ба рӯйдодҳои ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон меҳвари асосии фаъолияти ҳизбиёнро ташкил диҳад.

Фирдавс Шарифзода вобаста ба тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки он аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ иборат буда, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд корҳои зиёди ободкориву бунёдкориҳо анҷом дода шуданд ва симои шаҳри бостонӣ тайи солҳои охир ба куллӣ дигар шуд. Дар ин самт бояд Кумиҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд низ дар пайравӣ ба дигар шаҳру навоҳии мамлакат аз иқдомоти созандагии худ дарак дода, дар бунёду азнавсозии иншооти муҳими иҷтимою иқтисодӣ саҳмгузорӣ намояд.

Сипас, Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилоят Зуфар Исмоилзода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки яке аз самтҳои муҳимму муассири кори ҳизбӣ аз он иборат аст, ки фаъолони ҳизб ва умуман ташкилотҳои ҳамаи зинаҳои ҳизбӣ бояд дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва моҳияти сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро ба оммаи васеи мардум фаҳмонида тавонанд.Бинобар ин, ҳар яки мо - роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо. Яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, ба халқи азизамон содиқонаву самимона ва бо виҷдони пок хизмат кунем, нақшаҳои бунёдкоронаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем. Мо бояд ташаббускор бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои раҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем.

Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ баромад намуда, таъкид дошт, ки мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем. Дар ин замина Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз сулҳу ваҳдат ва оромию осудагии ватани соҳибистиқлоламон шукргузорӣ намуда, сарҷамъона барои тадбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» кӯшиш ба харҷ дода, барои ободию гулгулшукуфоии кишварамон саҳми босазои худро мегузоранд.

Дар анҷоми мулоқот якчанд нафар аъзои нав ба сафи ҲХДТ шомил карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...
Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Т. Ҳ. Усмонова Таҳмина Ҳасановна 23 октябри соли 1982 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Миллата...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4152
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта5848
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта36947
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта42281
mod_vvisit_counterҲамин моҳ90296
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта152561
mod_vvisit_counterҲамагӣ4936592