05 Июн 2014
Баъдан бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва набераи ҳофиз Аҳмадҷон Каримов парда аз рӯи муҷассамаи Содирхон Ҳофиз дар вазъияти тантанави бардошта шуд. Баландии муҷассама 4,5 метр ва барии он 2 метрро ташкил дода он аз ҷониби пайкаратарош Даврони Раҳмадзод сохта шудааст. Барои бунёди он 6 тонна бетон ва 34 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст. Раъно Бобоҷонова муовини раиси вилоят аз санъати нотакрору мондагор ва саҳми Содирхон ҳофиз дар рушди санъати тоҷик сухан гуфт:
«Пайкараи Содирхон Ҳофиз ҷисми беҷон, вале дар баробари он рамзи ҷовидонии ҳунар ва пайвандгар барои наслҳои ҷавон аст. Зеро Содирхон Бобошарифов яке аз барҷастатарин ҳофизони халқии тоҷик, аз номдортарин иҷрокунандагон ва назариётчиёни мусиқии классикии «Шашмақом» буда соли 1847-ум дар шаҳри Хуҷанд дида ба олами ҳастӣ кушудааст. Содирхони ҷавон, ки аз истеъдоди фитрӣ бархурдории комил дошт, сабақҳои басе муҳими созандагӣ ва ҳофизиро аз навозандаи ширадаст Бузургхон-тӯра ва баҳрабардорӣ аз уқёнуси беканори адабиётро аз шоири бузургном Кошифи Хуҷандӣ гирифта, ба ин васила ба хеле сайқал дидани ҳунараш муяссар гардид. Дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар Мовароуннаҳр ва минбаъд дар республикаҳои навтаъсиси Тоxикистон ва Eзбекистон байни халқ ҳофизони машҳуртарин Содирхон Ҳофизи Хуҷандӣ, ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ ва Левича Бобохонови Бухороӣ буданд, ҳамагон якдигарро эътироф намуда, ба ҳам эҳтироми хосро қоил буданд».
Барномаи консертӣ бо иштироки ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Исроил Файзиддинов ансамбли рақсии «Зебо», ва ҷавонони боистеъдод баромад намуда, бо суруду рақсхояшон ба чорабини шукӯҳи дигар зам намуданд.