05 Июн 2014
Дар назди корхона ҳамчунин мағозаи фирмавии он кушода шудааст, ки дар он навъҳои сершумори либосвории хушсифати пахтагин бо нархҳои нисбатан дастрас ба фӯруш гузошта шудааст. Роҳбари вилоят таъкид дошт, ки бо маҳсулоти омодагаштаи ватанӣ бозори дохилиро таъмин гардад. Зеро сару либос ва дигар матоҳои комилан аз пахта истеҳсол шуда, дар таркиби он нахҳои сунъӣ мавҷуд нест. Дар ҳамин мавзеъ сарвари вилоят аз мағозаи «Дунёи атлас» боздид ба амал овард. Чи тавре зикр ёфт, дар ин ҷо намуди зиёди атлас ва адрас, бо нақшу нигори гуногун ба фурӯш гузошта шудааст. Раиси вилояти Суғд ҷихати ба роҳ мондани адрасбофӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ масъулинро муаззаф намуд. Бо ин мақсад ба роҳ мондани меҳнати хонагӣ ва ба омӯзиши адрасбофӣ фаро гирфтани шумораи харчи бештари занон мувофиқи матлаб арзёбӣ гардид. Аз ҳамин хотир сарвари вилоят фаъолияти имрӯзаи коргоҳи «ВТ Силк»-ро мавриди назар карор дод. Айни замон 11 дастгохи адрасбофи насб гардида барои бозомӯзӣ духтарони маҳаллӣ ба ин кор ҷалб шудаанд. Абдураҳмон Қодирӣ бо тарзи бофти адрас шинос гардида, барои зиёд намудани шумораи дастгоххо ва ба омузиш фаро гирифтани шумораи харчи бештари занону духтарон ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти коргоҳ супориш дод. Қайд гардид, ки ба касбомузи ҷалб намудани бонувон имкон медихад, то сатхи зиндагонии онҳо хело беҳтар гардад. Дар ояндаи наздик дар ин коргоҳ 50-адад дастгохи адрасбофи насб карда шуда, бо чалби устохои соха занону духтарон аз тамоми шахру навохии вилоят ба касбомузи фаро гирифта мешаванд.
Айни замон дар корхонаи мазкур қабули пиллла ва хушккунии он ҷараён дошта, аз мохи июл нахгирии он огоз меёбад. Тибки супориши Раиси вилоят соли равон пиллаи истехсол гардида ба пурраги дар вилоят коркард хоҳад шуд.. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳбарони корхонаҳоро вазифадор намуд, то коркарди абрешимро то маҳсулоти ниҳоӣ дар вилоят ба роҳ монанд. Бо ин мақсад атласи тоҷик, ки ватани он щаҳри Хуҷанд мебошад ду бора барқарор ва эҳё карда шавад. Бо ин мақсад ба роҳбари корхонаи «Хуҷандатлас» Азим Ғафуров дастур дода шуд то бо истифода аз абрешими маҳаллӣ фаъолияти пурраи корхонаи мазкурро ба роҳ монад. Раиси вилоят қайд намуд, ки алҳол дар бозори ҷахонӣ матоҳои абрешимӣ хеле арзиши баланд дорад ва вилояти Суғд имкониятҳои истеҳсоли ин гуна матоҳоро дорад. Тараққӣ додани ин соҳа ҳам ҷойи корӣ ва ҳам иқтисодиёти вилоятро рушд медихад. Дар ниҳояти шиносоӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарони корхонаҳои саноати сабуки маркази вилоят машварати корӣ доир намуданд.