Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият мебахшад
05 Октябр 2020
Ҳамарўза аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирӣ бемории коронавируси нави CОVID-19 тадбирҳои мушаххас пиёда карда мешаванд.
Таҳлилҳо собит намуданд, ки ҳангоми баргузории маросими тўй дар як қатор тарабхонаву каҳвахона ва тўйхонаҳои шаҳр қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намешаванд ва ҳамаи ин боис гардид, ки фаъолият ин нуқтаҳои хизматрасонӣ то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан манъ карда шуданд.
Зимни баргузории як рейд аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд айнан чунин камбудиҳо дар бозору марказҳои савдо, ошхонаву муассисаҳои хўроки умум ба чашм расид. Дар ин мавзеъҳо бидуни ченкунии таб, фосилаи иҷтимоӣ, набудани монеаи дизенфексионӣ фаъолият ба роҳ монда шудааст. Аз маъмурият то хизматрасонҳо дар марказҳои хўроки умум бидуни ниқоб хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст, ки омили асосии хатари сирояти беморӣ ба мизољон шуда метавонад. То ҳол дар бозорҳо фосила риоя нашуда, савдои кўчагӣ дар роҳравҳо низ ташкил шудаанд, ки берун аз назорати масъулини дахлдор қарор гирифтааст.
Пешниҳоди сихкабобҳо дар шароити пасти хизматрасонӣ дар шароити феълӣ то ҳол масъулини бозорҳо ва соҳибони ин марказҳои хизматрасониро ба ташвиш водор намесозад, баръакс аз рўйи мақоли «Худам шоҳу табъам вазир» фаъолият намуда, зимни бурдани корҳои назоратӣ уҳдадориҳои беҳдоштиро маљбуран иљро намуда, баъдан сарфи назар намуда истодаанд, ки боиси нигаронии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд гардидааст.
Мусаллам аст, ки ҳамарўза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадобир ва чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳарчанд рӯзҳои охир ҳолатҳои сироятёбӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, он моро хушбин намесозад, зеро дар як қатор кишварҳои Аврупо ва минтақа аз хуруҷи дуюми бемории короновирус хушдор медиҳанд, ки сироятшиносон омили асосии онро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кўча баромадан ва масофаро риоя накардан дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ медонанд.
Мо бояд хуб дарк намоем, ки саломатии мо дар дасти худамон аст. Ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, машғул шудан ба корҳои фоиданок, банд намудани фикру зикри худ ба орзую омоли интихобнамудаамон дар зиндагӣ, хушбин будан дар ҳаёт моро аз чанголи ҳамагуна беморӣ мераҳонад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд