02 Июн 2014

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни наврӯз ҳангоми ташрифи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони бинои истиқоматии № 37 маҳаллаи «Тиллокон» (собиқ маҳаллаи 12) аз Раиси шаҳр бобати бунёди майдончаи варзишӣ дархост намуда буданд.
Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон расми кушоди майдончаи варзишӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид. Дар он сокинон ва роҳбарони маҳалла ва хонаҳои истиқоматӣ низ ширкат намуда, барои фароҳам овардани чунин имконияти хуб барои кӯдакони ин бино изҳори сипос намуданд. Раҷаббой Аҳмадзода дар суханронии худ қайд намуд, ки ҳоло барои тарбияи дуруст, тарғиби ҳаёти солим ба тансиҳат ба воя расондани насли имрӯза, ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти малакат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. «Зеро насли ояндаи солими миллатро бояд аз имрӯз фикр намоем».
Ин шашумин майдончаи варзишӣ ба шумор рафта, то интиҳои сол сохтмони боз 14 майдончаҳои варзишӣ ва солимгардонӣ сохта хоҳад шуд.
Сохтмони ин мавзеъ аз ҳисоби Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буда, сокинон барои сари вақт ва хушсифат сохта ба истифода додани он бо иштироки худ саҳм гирифтанд.