28 Май 2014
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кулли афсарон сарбозон ва хизматчиёни ҳарбиро бо Рӯзи сарҳадбонон ва 20 солагии таъсисёбии Қӯшунҳои мусаллаҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
«Давлату ҳукумат хидматҳои фарзандони содиқ ва бо нангу номусро, ки дар таъмину осоишу амнияти мардум ҷасорату далерӣ нишон додаанд, инчунин хотираи афсарону сарбозони ҷоннисор намударо қадрдонӣ менамояд ва ҷовидон пос медорад.» қайд намуд дар суханронии худ Раҷаббой Аҳмадзода.
Ҳамчунин бо ин санаи фархунда, ҳозиронро муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сафаралӣ Халилов, иштирокчии ҷанги байналмиллал Анварҷон Ҳайдаров сарҳадчиёнро табрик намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов баробари табрикоти самимӣ ба сарҳадбонон китобчаи «Ёддоштномаи сарбоз»-ро ки аз ҷониби ҳизби мазкур нашр гардидааст, супорид.
Аз номи Раиси вилояти Суғд ба қисми низомӣ телевизор ва ба сарбозон маводи гигиенӣ супорида шуд. Ҳамчунин ба як қатор афсарон ва сарбозон медали «20 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишони «Аълочии сарҳад»дараҷаҳои гуногун супорида шуд.
Муовини аввали Раиси вилояти Суғд Чумъабой Сангинов ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз шароити зист ва маишии сарбозон ошно гашта, толори варзиш, ҷойи хӯрокхӯрӣ,истироҳат ва киобхонаи қисми низомиро аз назар гузарониданд.
Бахшида ба Рӯзи сарҳадчиён» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба хизматчиёни қисми низомии мазкур дастурхони идона ороста шуд.