10 Май 2014
То имрӯз дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби Идораи давлатии истифодабарии роҳҳои маркази вилоят зиёда аз якуним километри роҳи кӯчаҳои ба номи Раҷабовҳо, Грибоедов, Ҳаким Карим барои азнавсозӣ, таъмир ва мумфаршкунӣ омода карда шуда, кӯчаҳои ба номи Фирдавсӣ, Мичурин ва Шарқ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.
Пешбинӣ карда шудааст, ки дар кӯчаҳои омодаи таъмир шуда дар ҳафтаи ҷадид корҳои мумфаршкунӣ оғоз меёбанд. То имрӯз кӯчаҳои Сирдарё, Барака Бобоева, Шӯро ва ба номи Б. Ёқубов бошад, тавассути асфалтхобонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки то интиҳои соли равон бояд 116 километри роҳҳои шаҳри Хуҷанд бояд асфалтпӯш карда шаванд.