09 Май 2014
Ба ин муносибат Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷамъомади бахшида ба номгузорӣ шудани яке аз кӯчаи маҳаллаи «Ваҳдат»» баргузор гашта ширкат намуда, аз меҳнати шоён, хизматҳои арзандаи мавсуф дар рушди соҳаи тиб ва сиҳатии мардум ёдовар шуд.Дар баробари мутахассиси варзидаи соҳаи худ будан, Ином Деҳқонов барои баланд бардоштани маърифати тиббии мардум тавассути мақолаҳои илмию маърифатии худ дар саҳифаҳои газетаю маҷаллаҳо пайваста кӯшиш менамуд. Номбурда муаллифи бештар аз 100 мақолаи маърифатию илмии соҳаи тиб буда, ҳамчунин ба қалами ӯ китоби «Теғи ҷонбахши Сино» таалуқ дорад. Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 20 ноябри соли 2013 №236 кӯчаи навбунёд ба номи Ином Деҳқонов гузошта шуд.
«Кори нек хислатҳои инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, масъулияти баланд нисбати иҷрои вазифа ва аз ҳама муҳимаш одамияти воло номи Ином Деҳқоновро дар байни мардум ҳамеша зинда нигоҳ медорад.», гуфт дар баромади худ Раиси шаҳри Хуҷанд.
Cардори Раёсати тандурустии вилоят Собирҷон Собиров, хоҳари табиб Санавбар Масобирова барои қадршиносӣ ва пос нигоҳ доштани ин шахси некном ба Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд изҳори сипосмандӣ намуданд.