06 Май 2014
Ҷамомадро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, абармардони қахрамонро ба муносибати Иди Ғалаба табрик намуд.
Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирсайзод Ҳаким Саид, қаҳрамонони набарди таърихиро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ин иди фархунда табрик намуда, ба ҳар кадом аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супорид.
Ҳамин гуна туҳфаро ба ҳаҷми 500 сомонӣ аз номи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба суханҳои самимӣ Сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Баҳоваддин Тӯрахонов супорида, орзуи тансиҳативу хонаободии пирони барнодилро намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар навбати ба ҳар кадом аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 250 сомонӣ супорида, итминони комил намуд,ки давлату ҳукумат ҳамеша ғамхори ин шахсони муътбар буданду ҳастанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар шаҳри Хуҷанд 30 нафар собиқадорони ҷанг ва шахсони ҳуқуқашон ба онҳо баробар карда шуда зиндагӣ мекунанд. Барои шахсони дар ин ҷамъомад бо вазъи саломатӣ ширкат надошта, ин қумакҳо ба манзили истиқоматиашон дасрас карда мешавад.
Ҳамчунин барои шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ меҳнати фидокорона намудаанд, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд 400 сомонӣ ва аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд 200 сомонӣ кӯмаки яквақтаина расонда мешавад.
Дар шаҳри Хучанд чорабиниҳои идона ва ҳафтаи поси хотир идома дорад.