01 Май 2014
Бо ташаббуси Ширкати «Мегафон- Тоҷикистон» дар вилояти Суғд ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, санаи 1 май дар хиёбони марказии шаҳри Хуҷанд аксияи «Шаҳри сабз» баргузор гардид. Дар он ҷавонони фаъол, иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоии синну соли гуногун, ихтиёриёни Асотсиатсияи занони соҳибкор «Гулрухсор», донишҷӯён, журналистон ва кормандони Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳри Хуҷанд, муштариёни ширкати «Мегафон-Тоҷикистон» иштирок намуданд. Мақсади баргузории ин аксия бештар намудани таваҷҷӯҳи сокинону меҳмонони маркази вилоят ба тоза ва обод нигоҳ доштани кӯчаю гулгашт ва хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд аст.
Мувофиқи нақшаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд имсол дар тамоми кӯчаю мавзеҳои сайругашти мардум, назди биноҳои маъмурии корхонаҳо, идораҳо гулҳои ороишӣ ва ҳамешасабз шинонда шудаанд. Барои эҳтироми меҳнати кормандони муасисаҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ва коргоҳҳо, муҳим аст, ки сокинон барои нигоҳ доштани ин зебоӣ ва афзун намудани он масъулият зоҳир намоянд ва барои нигоҳ доштани он кӯшиш намоянд. Зеро ин шаҳрро танҳо бо чунин амалҳои наҷибу ободкорона ҳамеша сарсабзу хуррам нигоҳ доштан мумкин аст, иброз намуданд иштирокчиёни шанбегӣ.