29 Апрел 2014
Маркази таълимии истехсолии «Шероз», ки моҳи гузашта бо иштироки сарвари давлат ба фаъолият оғоз намуда буд, барои эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ аз коркарди ашёи хом то омода шудани қолин пешбинӣ шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро гарму самимӣ пазироӣ намуда, изҳор намуд, ки дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бардоштани сатҳи зиндагии мардум, бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, ба хусус занон самараи дилхоҳ дода истодааст.

Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Аъламхон Қурбонов қайд намуд, ки дар ноҳия шумораи аҳолӣ 137 ҳазор нафар буда, аз он 62 ҳазор нафарро, занон ташкил медиҳад. Ҳоло 42 фоизи занони ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ҷои кори таъмин буда, мақомоти маҳалли нақша дорад ки соли 2014-ум боз 1700 адад ҷои кориро таъсис дихад. Барои амалӣ гаштани ин нақша таҷрибаи шаҳри Хуҷанд мувофиқи мақсад аст.
Ҳайати меҳмонон қарор доданд дар фурсатҳои наздиктарин корҳои омодагиро дар пойтахти кишвар, барои ба роҳ мондани ин таҷриба, оғоз намоянд.