26 Апрел 2014
Дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Федератсияи Осиё оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмиллалӣ, аз рӯи намуди муҳорибаи ҷанги дастӣ имрӯз оғоз ёфт. Дар он дастаҳои варзишгарон аз кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Эрон, Муғулистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат менамоянд.
Мусобиқа дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд санаҳои 26-27 апрел идома меёбанд.