21 Апрел 2014
Дар ҳафт соли фаъолияти ин ниҳод то имрӯз 26 маркази касбомузӣ барои хоҳишмандон касбу ҳунарҳои мардумӣ ва муосирро меомӯзад. То имрӯз 600 нафари синну соли гуногун онро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаи ихтисосӣ шуданд. Лозим ба қайд аст, ки таваҷҷуҳи ин марказ бештар барои соҳибихтисос намудани шахсони бешуғл, хонашин ва бе ихтисос равона карда шудааст.
Дар вохурӣ Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона, ки ширкат дошт, изҳор намуд, ки ду сол қабл дар маркази вилояти Суғд ҳамоиши байналмиллалии “Шеъри ҳимоят” баргузор гашта буд. Алҳол Дафтари намояндагии Имом Ҳумайнӣ омода аст, барои бори дигар баргузор намудани ин ҳамоиш дар шаҳри Хуҷанд, ки аз ҷониби шоираи маҳбуб Фарзона пешниҳод шуда буд, мусоидат намояд.
Раиси шаҳри Хуҷанд омодагии Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро барои фароҳам овардани шароиту имконият барои ин ҳамоиши байналмиллатӣ, изҳор намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки доири ин мавзуъ чораҳои лозимаро меандешанд.