30 Март 2014
Имрӯз кормандони Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва зерсохторҳои он якдилона бо роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба хотири ободу зебо намудани саҳни ҳавлӣ, гулгашти назди бинои ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба шанбегӣ баромаданд.
Кормандон барои сабзапӯш намудани майдон, шинондани дарахту ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз, ба тартиб даровардани ин мавзеъ саҳм гирифтанд. Ҳамзамон кулли кормандони корхонаю муассисаҳои ободонӣ кабудизоркунӣ хоҷагию манзилии маркази вилоят барои корҳои ободонӣ ва кабудизоркуниро идома дода истодаанд.