29 Март 2014

Дар он роҳбарони сохторҳои низомӣ, комиссариати ҳарбӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо аъзоёни комиссияи даъват ва дигар масъулон ширкат намуданд. Муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов ба маълумоти ҳозирон расонд, ки тибқи қарори ба имзо расида, имсол хайати комиссияи даъват аз 10 нафар иборат буда, барои фаъолияти самарабахши он Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони сохторҳои низомӣ дастур дод, ки барои сари вақт таъмин намудани нақшаи даъвати баҳорона ба кори комиссияи даъват ҳамачониба мусоидат намоянд.

Раиси комиссияи даъвати бахорона муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов таъин гардидааст.
Хотиррасон менамоем, ки муҳлати ниҳоии даъвати баҳорона ба хизмати ҳарбӣ охири моҳи май муқаррар гардидааст.