27 Март 2014
«Соҳиби касбу маълумот ва шахси арзандаи ҷамъият шудан, бояд мақсади имрӯзаи насли наврас бошад»,- зикр намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Кӯдакистони мазкур ба маблағи 1048 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта дар марҳилаи аввал, 120 нафар кӯдаконро қабул ва 20 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад кард. То интиҳои сол бошад, муассисони ин боғча ният доранд миқдори кӯдаконро ба 250 нафар ва ҳайати кормандонро бошад ба 50 нафар расонанд. Ҳар як гурӯх аз 24 нафар қудакони аз 3 то 6 сола ташкил ёфта, барои онҳо таълими забонҳои русию англисӣ ва омӯзиши компютерӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳуҷраҳои хобу машғулият ва бозии тарбиятгирандагон тавассути маркази гармидиҳии алоҳида, бо ҳарорати мусоид таъмин карда мешаванд. Дегҳои гармидиҳӣ барои истифодаи ангишт мувофиқ карда шудаанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҳуҷраҳои кудакистони мазкур дидан намуда, аз шароити онҳо қаноатманд гашт.
Дар баробари ин дар боғчаи навбунёд хатнатуйии 6 нафар кӯдак аз оилаи ниёзманд баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Аҳмадзода онҳоро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо туйи суннатиашон табрик гуфта, ба наврасон дучархаҳои кӯдакона, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ба волидайни онҳо 500 сомонӣ кумакпулӣ супорид.
Лозим ба ёдоварист,ки дар шаҳри Хуҷанд баробари ба фаъолият шуруъ намудани боғчаи «Раҳнамо» адади муассисаҳои томактабӣ ба 34 расида, аз онҳо 5 қудакистон, хусусӣ аст. То ҳол зиёда аз 9 ҳазор нафар кӯдак ба тарбияи боғча фаро гирифта шудааст.