(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣҲамшаҳриёни азиз!

Бо эҳтиром ва самимияти том қадами файзбори баҳори нав, фарорасии иди бостонии аҷдоди зебоипарастамон - Наврӯзро ба ҳар яки Шумо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муборакбод мегӯям. Бароятон саодати зиндагӣ ва рӯзгори пурнишотро орзу мекунам.

Бо шарофати истиқлолият имконияти воқеӣ пайдо намудем, ки ин ҷашни бостонӣ - Соли нави аҷдодиамонро эҳё намуда, бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намоем.


Ин ҷашн барои мардуми шарафманди кишварамон бисёр муқаддасаст, зеро Наврӯз аз қадимулайём яке аз василаҳои асосии бақову ҳастии миллат ва истиқлолият, рамзи ватандориву ватанпарастии ҳар як фарди худогоҳ ва бонангу номуси халқамон мебошад.


Наврӯз аз замони пайдоиши худ то ба имрӯз дар ҳаёти маънавии мардуми мо нақши бузург бозида, дар таърихи мавҷудияти худ рамзи худшиносиву худогоҳӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии халқҳо аст.

Боиси қайд аст, ки 23-юми феврали соли 2010 бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва якчанд кишварҳои дигари ҷаҳон Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба ин ҷашни оламафрӯз қатъномаро оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қабул намуд.

Дар ин қатънома вобаста ба таҷлили ҷашни Наврӯз омадааст: «Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф мекунад ва дар бобати ҳифз ва рушди минбаъдаи он дар ҳудуди давлатҳое, ки Наврӯз ҷашн гирифта мешавад, саъю талош варзида, давлатҳои аъзои созмонро даъват менамояд, ки доир ба ҷашни Наврӯз маълумоти бештар пахш карда, барои таҷлили иди Наврӯз тадбирҳои зарурӣ андешанд».

Созмони Милали Муттаҳид ба давлатҳои аъзо ва муассисаҳои дахлдори худ, аз ҷумла ташкилот оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод кардааст, ки дар чорабиниҳои вобаста ба иди Наврӯз дар давлатҳои аъзои созмон ширкат намоянд.

Ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз барои ривоҷи табодули фарҳангҳо, густариши ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу суботи халқҳо нақши муассир мегузорад ва барои муаррифии боз ҳам бештари фарҳангу тамаддуни мардуми ориёитабор мусоидат менамояд.

Баргузории Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ моро вазифадор менамояд, ки расму ойинҳои неки наврӯзии замонҳои куҳанро аз нав эҳё намуда, ба онҳо шукӯҳу шаҳомати тоза бахшем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолияти хешро тибқи Қарори Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ оид ба таҷлили Иди Наврӯз - 2014 густариш дода, ташабусҳои наҷиби мардумро ҳамаҷониба дастгирӣ ва барои шаҳомату тантанаҳо мусоидат менамояд.

Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҷавҳари фарҳанги мардуми ориёӣ буда, гузаштагонамон онро чун нахустин рӯзи моҳи фарвардин ва оғози соли нав, ҷашни баҳор, бедории табиат, баробарии рӯзу шаб ва ҷашни аҳди пешдодӣ таъбир кардаанд.

Наврӯз тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо рамзи пирӯзии нур бар зулмат, адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ, гармӣ бар сардӣ ва ғалабаи инсони бунёдкору офаранда бар нерӯҳои бадхоҳи аҳриманӣ буда, маҳз бо чунин сифату фазилатҳои олии худ то имрӯз дар байни мардуми мо маҳбубият дорад.

Тибқи урфи гузаштагонамон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, ки баёнгари эътиқоду ихлоси мардум ба зинда шудани табиат ва рӯзу рӯзгори нав мебошад. Аз ҷумла, сурудҳои ҷовидонии нахусткитоби башарият «Авасто», ки ёдгори бегазанди тамаддуни ориёист, гувоҳи равшани тантанаи баҳору Наврӯз, саховати замин, оғози киштукор, ҳосили фаровон, хурӯши дарёҳо, навои чашмасорон, обҳои фаровону софу зулол ва шукӯҳи марғзорони сабзу хуррам мебошанд.

Ин сифатҳои нек ва хусусиятҳои писандидаи Наврӯз дар ашъору осори бузургтарин шоирону олимони адабиёти оламшумули мо дарҷ ёфта, барои пойдорӣ ва аз насл ба насл гузаштани ин ҷашн замина гузоштаанд. Мо низ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ волотарин суннатҳо ва шукӯҳмандтарин тантанаҳои наврӯзиро, ки дар аҳди Курушу Доро, Хусрави Парвизу Исмоили Сомонӣ ва Борбаду Рӯдакӣ роиҷ буданд, идома дода, дар навбати худ ба онҳо мазмуну мӯҳтавои тоза бахшидем ва Наврӯзро дубора эҳё намудем.

Бояд гуфт, ки яке аз сифатҳои Наврӯз аз нав зинда шудани табиат мебошад ва оғози Наврӯз-оғози сол аст. Яъне, Наврӯз Соли нави аҷдодии мо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мо бояд барои боз ҳам зебову шукуфон шудани табиати Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю талош карда, сарватҳои табиӣ ва муҳити зисти онро ҳифз намоем.

Боиси ифтихор ва сарфарозии мост, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақилу соҳибихтиёр дар шоҳроҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ устуворона қадам мезанад, дар арсаи ҷаҳонӣ торафт бештар нуфуз ва мақому манзалати худро пайдо мекунад, мардумонаш дар ваҳдату ҳамбастагӣ барои рушди ин сарзамин, пешбурди ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ камари ҳиммат бастаанду саҳмгузори шукуфоӣ ва фардои дурахшони мамлакатанд.

Бо умеди хушрӯзию рӯзгори обод қадами мубораки Наврӯзи Аҷамро барои Шумо, ҳамшаҳриёни азиз ва кулли ҳамдиёрон бори дигар табрик мегӯям.

Бигзор Наврӯзи фархундапай ба хонадони мо файзу нусрати нав оварад!

Наврӯзатон муборак бод!


                            Раиси шаҳри Хуҷанд                                                                                                            Раҷаббой Аҳмадзода

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...