28 Феврал 2014
Бо ташаббуси Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар мактаби таҳсилоти умумии № 31 шаҳри Хуҷанд семинар машварати дастурдиҳӣ барои роҳбарони донишгоҳу донишкада муассисаҳои касбию техникӣ, мактабҳои миёна, махсус ва то мактабӣ, сарварони дармонгоҳу беморхонаҳо ширкат намуданд.

Ҳоло бо мақсади таҳкими сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,Эмомалӣ Раҳмон нақшаи марҳила ба марҳила таъмин намудани тамоми муасисаҳои таълимии маркази вилоят бо марказҳои алоҳидаи гармидиҳӣ то интиҳои соли 2015 омода гаштааст.
Бобати афзалиятҳои ба ин тарзи гармидиҳӣ гузаронидани муассисаҳои таълимию тиббӣ сардори идораи шабакаи гармидиҳии шаҳри Хуҷанд Муъминхӯҷа Ваҳҳобов ҳарф зада иброз намуд,ки дегҳои гармидиҳи маҳсули кори ҶДММ «Суғдшаҳрофар» буда, дар мӯхлатҳои кутоҳтарин сохта ба истифода дода мешавад.
Сардори идораи шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд Тӯра Атамов иттилоъ дод, ки таҷрибаи истифодаи чунин намуди гармидиҳӣ аз як тараф барои сарфаи қувваи барқ замина гузорад,аз ҷониби дигар барои сари вақт пардохтани маблағи истифодаи он муосоидат менамояд. Барои муқоиса агар дар мавсими зимистонгузаронӣ мактаби таҳсилоти умумии № 13 наздик ба 10 ҳазор сомонӣ нерӯи барқ истифода бурда бошад, пас мактаб-гимназияи № 31, ки дорои маркази гармидиҳии алоҳидаи мутамарказонидашуда аст, наздик ба се ҳазор сомонӣ маблағи истифодаи қувваи барқро супоридааст.
Баъдан сарвари мактаб гимназия № 4 Зулфия Ашӯрова сипосмандии худро ба Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуда, изҳор кард, ки таҷрибаи таъмини қисми бинои мактаб ба гармидиҳии алоҳида имкон дод, ки ҳоло роҳбарияти мактаб бо ризоияту дастгирии Шӯрои падару модарон нақшаи ба истифодадиҳии биноҳои боқимондаи мактабро ба маркази гармидиҳии дабистон омода менамоянд.
Дар интиҳои семинар-машварати дастурдиҳӣ, иштирокчиён доири истифодаи таҷрибаи ҳосилгашта саволу ҷавоб ва мубодилаи назар намуданд.