21 Феврал 2014
Бо мақсади иҷроиши дастуру супоишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амалисозии нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, муассисаҳои ободонӣ кабудизоркунӣ ва идораи сохтмони асосӣ бо роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, якдилона дар корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд ширкат намуданд.
Онҳо дарахтони қади шоҳроҳи Исмоили Сомониро ба тартиб дароварда, 1000 бех ниҳоли ардач ва девораҳои қади роҳ шинонданд. Лозим ба ёдоварист,ки ин оғози корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар маркази вилоят буда,пешбинӣ мешавад,ки то санаи 10 март 20 ҳазор дарахтони ҳамешасабз, ду миллион дона гулу гулбуттаҳои ороишӣ, 8 км деворҳои қади роҳ шинонда мешаванд. Дар баробари ин шоҳроҳи мазкур то санаи 1 майи соли равон пурра бо намуди муосир чароғон карда хоҳад шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд дар баробари ширкати фаъолна дар ин корҳои ободонӣ кулли кормандони соҳаро барои риояи қоидаҳои агротехнологӣ, сабки ороишӣ гулҳо ва нигоҳубини саривақтии онҳо даъват намуд.
Пагоҳ дар шаҳри Хуҷанд баргузории ҳашари умумихалқӣ дар назар аст.