13 Феврал 2014
Бо моқсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва муолиҷаи беморони касалии зардпарвин дар беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд шӯъбаи нави иловагӣ бунёд хоҳад ёфт.
Дар беморхонаи мазкур маросими гузоштани хишти аввал ва гузоштани нома ба наслҳои оянда бо иштроки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов баргузор гардид. Раҷаббой Каримов бо табибону кормандони беморхонаи мазкур мулоқоти самимӣ анҷом дода, иброз намуд, ки имрӯз таваҷҷӯҳи сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар гаштани вазъи некӯаҳволии мардум, саломатии ҳар фарди кишвар, роҳбарони мақомоти маҳаллиро барои андешидани чораҳои амалии судманд вазифадор менамояд.
«Ҳамзамон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмими бунёди шӯъбаи навро дар беморхонаи мазкур ҳамҷониба дастгирӣ намуда, барои анҷомёбии ин амали муҳим мусоидат хоҳад намуд»-илова намуд дар суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд.Шӯъбаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 60 кати бемори пешбинӣ шудааст. Барои сохтмони он бошад, наздик се миллион сомонӣ аз буҷаи маҳаллӣ малағ пешбинӣ шудааст.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони шуъбаи мазкур, Раиси шаҳри Хуҷанд ба сохтмончиён дастур дод, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.