11 Феврал 2014
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сохторҳои қудратӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо директорони мактаб ва фаъолон маҷлиси машваратӣ доир намуд.
Дар оғоз сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд Муқим Саидов ҳозиронро бо ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ошно намуд.
Дар заминаи ҳисоботи мазкур раиси Суди шаҳри Хуҷанд Матлуба Ҳабибуллоева, иттилоъ дод, ки имрузҳо ба суди шаҳри Хуҷанд доири эътироф намудани соҳибмулкӣ ба замин аризаҳои зиёд ворид мешаванд. Лекин соҳибмулк танҳо дар сурати мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи истифодаи он шаҳрванд соҳибмулк эътироф карда мешавад.
Новобаста аз муҳлати истифодаи замин дар мавриди истифодаи ғайриқонунӣ шаҳрванд бояд заминро ба ҳолати аввала баргардонад.
То имрӯз нисбати 16 нафар, 6 парванда мавриди баррасии мақомоти судӣ қарор гирифтааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов пешгирӣ намудани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии замин ва тақсимоти одилонаи он, шаффофияти фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ, назорати катъии нуқтаҳои хизматрасонии букмекирӣ, баргардондани шаҳрвандони дар таълимгоҳҳои динии хориҷи кишвар таҳсил дошта, эътибори ҷиддӣ нисбати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону ҷавонон, омодагӣ барои даъвати баҳоронаи ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ, назорати ҳолати санитарӣ ва беҳдошти саломатӣ, тарғиби ҳамаҷонибаи тарзи ҳаёти солимро таъкид намуд.
Дар ниҳояти аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд барои таҳкими масалаҳои дар боло зикр гардида вазифаҳои зерин гузошта шуданд:
1 Доир ба иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 543 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2015» тибқи нақшаи чорабиниҳо, корҳо пурзӯр карда шавад.
2 Якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар самти пурзӯр гардонидани мубориза ба муқобили содиршавии ҷиноятҳо ба роҳ монда шавад.
3 Ташкил ва гузаронидани озмун оид ба муқовимат ба ҷинояткорӣ дар васоити ахбори омма, ҷиҳати ташаккул додани ҷаҳонбинии зиддиҷинояткорӣ байни аҳолӣ.
4 Муроҷиатҳои шаҳрвандон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» сари вақт баррасӣ карда шуда, муроҷиати шаҳрвандон сифатнок ва дар мӯҳлати мутобиқи қонун муайян кардашуда баррасӣ карда шавад. Ҳамзамон дар маҳаллаҳои шаҳр аз ҷониби раисони кумитаи маҳаллаҳо қабули шаҳрвандон ташкил карда шавад.
5 Ташкили вохӯриву баромадҳо дар кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр оиди пешгирии ҷиноятсодиркунӣ, ҳамзамон корҳои профилактикӣ гузаронида, дар ҳолати ошкор намудани ҷиноят ба мақомотҳои дахлдор хабар дода шавад.
6 Пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии ҷиноятсодиркунӣ, фоҳишагӣ, худкушӣ байни занону ҷавондухтарон дар маҳаллаю муассисаҳои таълимии умумӣ ва олӣ.
7 Силсилаи барномаҳои телевизионӣ ва радио дар мавзӯъҳои ҳаёт – арзиши фитрии инсон, тарзи ҳаёти солим, баробарҳуқуқии зану мард, пешгирии зӯроварӣ дар оила таҳия карда шуда, бо олимон, рӯҳшиносон ва уламои дин сӯҳбатҳо ба роҳ монда шавад.
8 Қитъаи заминҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ғайриқонунӣ ишғол намудаанд, сари вақт бартараф карда шуда, ба ҳолати аввалааш баргардонида шавад.
9 Ҷудо намудани қитъаҳои замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои сохтмони иншоотҳои гуногуни иҷтимою маиши тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи куллии шаҳр.
10 Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти қитъаи замин вазифадор карда шавад, ки вақти ба руйхатгирии эҳтиёҷмандони қитъаи замин, дохил намудани хешу табори худ, шиносон ва ё шахсоне, ки бо маблағ барои гирифтани қитъаи замин муроҷиат менамоянд, қатъиян роҳ надиҳад.
11 Ба комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти қитъаи замин супорида шавад, ки доир ба роҳ надодан ба хариду фурӯши қитъаи замин корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намояд.
12 Назорати рафти сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна, котеҷҳо ва участкаҳои наздиҳавлигӣ аз ҷониби идораи сохтмони асосӣ, шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ пурзӯр карда шавад.
13 Сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна, участкаҳои наздиҳавлигӣ, котеҷҳо бо инфраструктураҳояшон аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар қитъаи замини ҷудогардида пурра ба итмом расонида, баъдан аз тарафи комиссияи давлатӣ мувофиқи қонунҳои амалкунанда, қабул карда шавад.
14 Музди меҳнат аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои давлатию хусусӣ бояд саривақт пардохт карда шуда, қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар шаҳр риоя карда шавад.
15 Барои ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй будани ҳаракати нақлиётҳои мусофиркашон дар кӯчаҳои шаҳр, масъулин вазифадор карда мешаванд, ки барои ба танзим даровардани ҳаракати онҳо чораҳои мушаххас андешанд ва тибқи ҷадвали тасдиқшуда фаъолияти худро ба роҳ монанд.
16 Дар самти риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахусус пешгирии бемориҳои сироятӣ ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар шаҳр назорат пурзӯр карда шавад.
17 Доир ба бемориҳои вируси норасоии масунияти одам, бахусус баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оид ба пешгирии ин беморӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бисёртар ба роҳ монда шавад.
18 Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо аъзоёни комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо оид ба фаҳмондадиҳии моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» пурзӯр карда шавад.
19 Корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ нисбати монеъ шудан барои гирифтани таҳсилоти умумии ҳатмӣ духтарон пурзӯр карда шавад.
20 Фаъолияти равоншинос (психологҳо) дар муассисаҳои таҳсилоти умумию олӣ ва баҳри пешгирӣ намудани ҷиноятҳо байни ноболиғон ва ҷавонон корҳо пурзӯр карда шавад.
21 Барои роҳ надодан ба зиёд шудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, бо волидайни хонандагон ҳамкориро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, риояи ҳатмии талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъмин карда шавад.
22 Барои пурра баргардонидани нафароне, ки дар муассисаҳои динии дигар давлатҳо бе роҳхати Кумитаи дини ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд, чораҷӯӣ намояд.
23 Барои сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносию ватанпарастӣ дар маҳаллаҳо корҳои тарғиботию ташвиқотӣ самаранок ба роҳ монда шавад.
24 Барои гузоштани тарзҳои миллии номгузорӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ватандустӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бисёртар гузаронида шавад.
25 Комиссияи байниидоравии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба масъалаҳои бозори матлубот ва мувофиқасозии тартиби (реҷаи) фаъолияти ташкилотҳои соҳаи савдо ва хизматрасонии маиширо зарур аст, ки ҳолатҳои бе иҷозатнома фаъолият намудани идораҳои букмекерӣ ва бозиҳои лото санҷишҳо гузаронида шуда, ҳангоми муайян намудани чунин ҳолатҳо чораҳои дахлдор андешида шавад.
26 Оиди пешгирии сӯхтор дар бозорҳо ва ташкилотҳои соҳаи савдо ва хизматрасонии маишии шаҳр назоратро пурзӯр намояд.
27 Нозироти андоз ва Раёсати молияи шаҳрро зарур аст, ки манбаҳои супорандагони андоз аз фоидаро ҳаматарафа таҳлил намуда бо пуррагӣ андозбандӣ намудани онро таъмин намояд.
28 Идораи «Хуҷандобуканал» ҷиҳати таъминот бо оби нӯшокӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, татбиқи лоиҳаи амалишудаистодаро зери назорати қатъӣ гирифта, барои харидори намудани техникаҳои муосир чораҳо амалӣ намояд.
29 Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 21-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намуда, дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, инчунин аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ва собиқадорони ҷангу меҳнат чорабиниҳо ташкил ва гузаронида шавад.