(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣҶаласаи Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд доир гашт. Онро Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов  ифтитоҳ бахшида, аъзои Шӯроро бо рӯзномаи маҷлис шинос кард. Дар ҷаласа чаҳор масъала мавриди муҳокима қарор гирифт.

Нахуст масъалаи иваз кардани ба ҷойи узви хориҷшудаи Шӯрои ҷамъиятӣ интихоб намудани сармуҳаррири рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» Воситзода Муҳайё мавриди муҳокима қарор гирифт. Ба аъзогии  Шӯрои ҷамъиятӣ номбурда, якдилона интихоб гардид.

Масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа  тасдиқи нақшаи Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2014-ум буд. Нақшаи корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, он бо назардошти пешниҳоду таклифҳои аъзои Шӯро тасдиқ гардид.

Масъалаи сеюми ҷаласа оид ба рафти иҷрои Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 12 январи соли 2012 «Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» маҳсуб меёфт, ки дар ин хусус мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Бахтиёр Исматҷонов маърӯза кард. Мавсуф зикр намуд, ки бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд фаъолияти хешро баҳри татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ба роҳ монда, як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуд.

Дар варзишгоҳи «Лочин» дар вақти таътили зимистона аз 10 то 23 январи соли 2013 мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми ширкати сохтмонии «Равзана» байни наврасон ва ҷавонони соли таваллудашон 1997-1998, 1999-2000 ва 2001 баргузор гардид, ки дар мусобиқа 21 даста иштирок намуданд. ҳамчунин мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни бонувон бахшида ба Рӯзи модар дар майдони варзишии Муассисаи давлатии мактаби варзишии бачагон ва наврасони №1 байни 5 даста ва 80 бону доир шуд.

Чунин бозии футбол моҳи январи соли рафта барои дарёфти ҷоизаи «Бойчечак»  байни наврасони соли таваллудашон 1996-1997, 1998-1999 ва 2000-2001 дар майдони варзишии муассисаи давлатии дар боло зикршуда, барпо гашт, ки дар он 24 даста иштирок карданд.

Дар асоси қарори Раиси шаҳр аз 14 феврали соли 2013, № 72 ва бо мақсади тарғибу ташвиқ ва оммавӣ гардонидани намуди варзиши футбол байни сокинони маҳаллаҳои шаҳр, корхонаву ташкилот  барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд» ба муносибати таҷлили Наврӯзи Аҷам баргузор гардид.

Мусобиқа аз рӯи қоидаҳои ФИФА, бо системаи олимпӣ ва Низомномаи тасдиқшуда гузашт. Дар он 18 даста аз маҳаллаю корхонаву ташкилот иштирок карданд.

Бахтиёр Исматҷонов дар маърӯзааш қайд кард, ки тибқи нақша-чорабинии Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд ва бахши ҷавонон варзиш  ва сайёҳии шаҳр бо ҳамкории беморхонаи №1-и шаҳри Хуҷанд 6 май мусобиқаи футбол байни кормандони корхонву ташкилот барои гиромидошти табиби шинохта Иномҷон Деҳқонов дар варзишгоҳи Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ доир шуд. Аз 16 дастаи футболбозон дастаи «Кулангир»-и ноҳияи Б. Fафуров ҷои аввал ва дастаи футболбозони «И.Деҳқонов» ҷои дуюмро сазовор гашт.

Дар варзишгоҳи  «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд бозии рафиқона байни дастаҳои «Рахш» ва «Амирӣ» баргузор гардид, ки дар ин мусобиқа ғалаба насиби дастаи «Рахш»-и Бонки миллӣ шуд.

Чунин бозии рафиқона байни футболбозони муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №2»-и шаҳри Хуҷанд ва муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов доир шуд, ки дар он дастаи шаҳри Хуҷанд ғолиб гардид.

Аз 28 июн то 5 июл низ дар майдони варзишии муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №1» барои дарёфти ҷоизаи «Тӯби чармин 2013» байни бачагон ва наврасони соли таваллудашон аз 1996 то 2001 мусобиқаи футбол доир шуд.

Дар хотимаи маърӯзаи худ Бахтиёр Исматҷонович дар хусуси чораҳои андешидашуда баҳри пурқувват намудани дастаи футболи «Хуҷанд»,  тадбирҳо баҳри ҳавасмандгардонии футболбозон ҳарф зада, зикр кард, ки дар маҷмӯъ барои рушди футбол дар шаҳри Хуҷанд аз буҷаи маҳаллӣ 64 ҳазору 260 сомонӣ ва аз ҳисоби сарпарастон 135 ҳазору 479 сомонӣ маблағ, дар соли 2013-ум масраф гардид.

Аз рӯи масъалаи чорум оид ба рафти татбиқи «Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» мудири бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Қосимов маърӯза кард. Аз ҷумла зикр намуд, ки баҳри иҷроиши барномаи мазкур нақшаи чорабинӣ тартиб дода шудааст, ки он аз шаш банд иборат мебошад.

Дар мактаби рассомии бачагона синфи ҳунарии йӯрмадӯзӣ фаъолият дорад, ки ба он ҳунарманди собиқадор Ҳалима Абдурауфова сарварӣ менамояд. Дар синф 6 наврас ба ҳунаромӯзӣ машғул буда, ба тарзи устоду шогирд фаъолият мебаранд. Зимни ҳунаромӯзии онҳо ва баҳри рушди ҳунари йӯрмадӯзӣ ва сӯзанидӯзӣ коргоҳи хурди йӯрмадӯзӣ кушода шудааст, ки дар он 10 дастгоҳи йӯрмадӯзӣ мавҷуд аст.

Ҳамчунин дар заминаи мактаби рассомии бачагона боз ду дастгоҳ фаъолият дорад, ки дар он наврасони ба ҳунари йӯрмадӯзӣ шавқ дошта, нозукиҳои ин касбро меомӯзанд. Fайр аз ин дар ин мактаб боз ҳунари кордсозӣ ба наврасон омӯзонида мешавад. Кордсози маъруф Соҳиб Нормаҳмадов ба шаш наврас пешаи худро омӯзонида ба як қатор муваффақиятҳо ноил гаштааст. ҳунари кандакорӣ дар чӯб низ аз ҷониби усто Шариф Бобоев ба 10 навраси мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ омӯзонида мешавад.

Дар мактаби санъати №1 ва мактаби рассомии бачагона ҳунари кешбофӣ аз ҷониби устоди болаёқат Муҳаббат Муродова ва 50 шогирд таълим дода мешавад.

Бахтиёр Қосимов  ҳамчунин нисбати ривоҷ ёфтани ҳунарҳои кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ дар шаҳри Хуҷанд маълумот дода, аз нақшаҳои минбаъдаи шӯъбаи фарҳанг дар самти татбиқи «Барномаи рушди ҳунарҳои бадеӣ-халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» изҳори назар кард. Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд назардошт гаштани фестивали ҳунарҳои халқӣ, кушодани мағозаҳои махсус оид ба фурӯши маҳсули дасти ҳунармандонро зикр намуд.

Аъзои Шӯро  доир ба масъалаҳои муҳокимашуда андешаҳои хешро иброз дошта, пешниҳод карданд, ки дар маҳаллаҳои шаҳр дастаи футболбозон таъсис дода, байни онҳо мусобиқаҳо гузаронида шавад. Дар соли равон назди биноҳои баландошён 20 майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шавад. Дар меҳмонхонаҳо ташкили гӯшаҳои фурӯши маҳсули дастии ҳунармандони халқӣ ба роҳ монда шавад.

Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов низ доир ба ривоҷи ҳунарҳои халқӣ сухан карда, зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ соли равон ният дорад барои ҳунармандон Грантҳо таъсис диҳад. Дар ин самт мудири шӯъбаи бахши кор бо занон ва оила Муҳайё Дадобоеваро вазифадор кард, ки дар маҳаллаҳо бо бонувон вохӯрӣ доир намуда, ҳунармандони халқиро дарёфт намояд ва маҳсули меҳнати онҳо дар мағозаҳо ба фурӯш бароварда шавад.

Дар ҷамбаст қарори ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии шаҳр аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қабул гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...