(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷаласаи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ.Дар маркази фарханги шаҳри Хуҷанд мачлиси васеи Шӯрои хамохангсозии шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов баргузор гардид. Дар чаласа пешниҳоди Прокурори шаҳри Хуҷанд «Оиди андешидани чораҳои дахлдор бо мақсади бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда вобаста ба иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва сатҳи иҷроиши қонунҳои зикр гардида ва рафти иҷроиши «Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 мавриди барраси карор гирифт. Аз руи масалаи якум роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Биволида Самадова пешниходи Прократураи шахрро ба самъи хозирин расонид.

Вобаста ба пешниҳоди мазкур ҳозирон маърузаи мудири бахш оид ба корҳои дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муъминҷон Орипов ва мудири шуъбаи маорифи шаҳр Саидмухтор Ҷалолов ва Прокурори шаҳри Хуҷанд Қурбоналӣ Мирзоевро шуниданд.

Дар баромади худ Муъминҷон Орипов изхор дошт, ки имрӯз аз қабули қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо зиёда аз шаш сол сипарӣ шуда бошад ҳам ҳанӯз байни мардум конуншиканӣ ба назар мерасад. Иттилоъ дода шуд, ки соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 5 ҳазору 400 маърака ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 2037 туйи арусиву домодӣ ва 1199 туйи хатна мебошад. Дар ин давра аз тарафи бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 75 маротиба рейдҳои муштарак бо мақсади пешгирии конуншиканӣ гузаронида шуда, нисбати шахсони ба қонун риоя накарда, соҳибони маърака роҳбарони тарарбхонаҳо ва ҳофизон санадҳои ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шудааст.

Вобаста ба сатҳу сифати иҷроиши ин қонун Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов эроди ҷиддӣ гирифта таъкид намуд, ки масъулини ин соҳа масъулияти бештар эҳсос намоянд. Вобаста ба вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ вақти баргузории тую маъракаҳо аз ҷониби шаҳрвандон, зиёд будани миқдори иштирокчиёни туйҳо, баргузории чорабиниҳои барои  мардуми мо бегона аз мисоли камбудиҳои ҷиддӣ дар ин самт зикр гардид. Барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин муҳлат дода шуд.

Саидмухтор Ҷалолов, мудири Шуъбаи маориф ва илми шаҳри Хуҷанд низ аз рӯи ин масъала баромад кард ва пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунии ноболиғонро аз масъулияти оила, аҳли маҳалла ва мактаб вобаста донист.

Мавсуф қайд намуд, ки соли 2013ум дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби 43 нафар ноболиғ 56 ҷиноят содир шудааст. Нисбати 131 нафар волидайн, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд дуруст ба роҳ намондаанд, парвандаҳои ҳуқувайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Нисбати фаъолияти мақомоти дахлдор,-шуъбаи маориф, комисияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, бахши кор бо ҷавонон ва сайёҳӣ, шуъбаи кор бо ноболиғон ва раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр, ки баҳри пешгирии ҷинояткории ноболиғон саҳланкорӣ мекунанд, аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд эроди ҷиддӣ гирифта шуд.

Ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш дода шуд, ки минбаъд ҳамкориро бо волидайни хонандагон дар сатҳи зарурӣ ба рох монанд. Ҳамчунин раисони маҳалаҳо вазифадор шуданд, ки аз шароити зиндагиӣ ва вазъи оилавии сокинони маҳалаҳояшон бештар огоҳ бошанд ва бахри пешгирии ходисахои номатлуб чораҳои амалӣ андешанд.

Аз руи масалаи дуюм сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эммин Ҷалилов баромад намуд. Баромадкунанда доири сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва омилҳои он ҳарф зада қайд намуд, ки кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ яке аз самтҳои афзалиятноки худро дар самти пешгири ҷинояторӣ равона кардаанд. Нозирони минтақавӣ дар якҷоягӣ бо фаъолони маҳалла нақшаи ҳамкориро таҳия намудаанд.

Дар анҷоми кори ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд чунин вазифаҳо гузошта шуданд:

1.  Ба сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд супорида шавад, ки барои мақсаднок ва самаранок ба роҳ мондани фаъолияти нозирони минтақавӣ оид ба пешгирии ҷиноятсодиркунӣ байни ноболиғон ва дигар қонунвайронкуниҳо дар оила ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мунтазам чораандешӣ намуда, ҳисоботи нозирони минтақавӣ дар маҷлисҳо барассӣ шуда, вобаста ба вазъи пешгирии ҷиноятсодиркунӣ дар маҳаллаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дода шавад.

2.  Ба Бахш оид ба корҳои дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, Кумитаи маҳаллаҳои шаҳр, Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Шӯрои занони маҳаллаҳо

- супорида шавад, ки дар якҷоягӣ бо аъзоёни комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо оид ба моҳият ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» вохӯриву мулоқотҳо  доир намуда, аз натиҷаи вохӯриҳои гузаронидашуда мунтазам ба Раиси шаҳр ахборот ирсол намоянд;

- дар корҳои пешгирии пайравони ғояҳои динӣ-фундаменталистии равияи «Салафия» ташаббуснокӣ зоҳир намуда, баҳри пешгирии он тадбирҳои судманд андешанд;

- мунтазам бо ҷалби ходимони дини шаҳр, ки байни аҳолӣ обрӯву нуфузи хоса доранд, дар маҷлисҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ҷалби васоити ахбори омма оид ба фаъолияти таҳрибкоронаи пайравони равияи «Салафия» корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиву ташвиқотиро ҷоннок намоянд.

3.  Ба Бахш оид ба корҳои дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

- супорида шавад, ки дар якҷоягӣ бо аъзоёни комиссияи анзими анъана ва ҷашну маросимҳо оид ба иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» чораҳои дахлдор андешида шавад.

4.  Ба комиссияи доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ки нисбати фаъолияти худ хунукназарона рафтор менамоянд, аз ҷониби Раиси комиссия чораҳои дахлдор андешида шаванд.

5.  Ба тарабхонаҳо, тӯйхонаҳо супорида шавад, ки фаъолити худро тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» қатъӣ ба роҳ монда шавад.

6.  Ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта супорида шавад, ки иштироки ноболиғонро дар фаолияти иттиҳодияҳои динӣ иҷозат надиҳанд;

-тарғибу ташвиқот бурдан дар мавъизаҳои худ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулитипадару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ба роҳ манда шавад.

7.  Ба Шӯъбаи маорифи шаҳр ва муассисаҳои таълимӣ, комиссияи кор бо ноболиғон, Раиси шӯъбаи кор бо маҳаллаҳо, Раиси кумитаи маҳаллаҳо, Раиси Шӯрои занони маҳаллаҳо, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи Раиси шаҳр

- супорида шавад, ки риояи ҳатмии талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулитипадару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ба роҳ монда шавад.

- нисбати ноболиғоне, кидушвортарбия мебошанд, бо падар ва модари онҳо корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуда, ба таълим ва тарбияи онҳо аҳамияти ҷидди дода шавад.

8.  Тибқи нақшаи тасдиқгардида доир ба иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулитипадару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида шуда дар мӯҳлатҳои дар нақша нишондодашуда таъмин карда шаванд.

9.  Шахсони масъул вазифадор карда шаванд, ки аз натиҷаҳои корҳои ба анҷом расонида шуда ба унвони Раиси шаҳр ҳар моҳ мунтазам маълумоти хаттӣ ирсол намоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...