17 Январ 2014
Имруз нишасти матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов баргузор гардид. Дар он 27 нафар хабанигорон- намояндагони расонаҳои ҷумҳуриявӣ дар Хуҷанд , хабарнигорони телевизиону радиоҳои давлатӣ, мустақил, оҷонсиҳои иттилоотӣ ва журналистони маҳаллӣ ширкат намуданд.
Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов доири натиҷаҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи маркази вилоят ба хабарнигорон маълумоти мухтасар дод.
Дар қисмати саволу ҷавоб журналистон бо 14 савол ба Раиси шаҳр муроҷиат намуданд.
Журналисти «ТВР Азия» Афзал Босолиев доири се дастовард ва се камбудии соли сипаригашта пурсон шуд. Раҷаббой Каримов соҳиби мақоми аввал гаштани шаҳри Хуҷандро байни шаҳру ноҳияҳои вилоят,асфалтпуш гардидани кӯчаҳои шаҳр ва иҷроиши нақшаи буҷети давлатӣ чун дастоварди назарраси соли 2013 зикр намуда, бобати зиёд шудани миқдори қонунвайронкунӣ байн ноболиғон, ба чашм расидани қонуншиканиҳои сокинон дар мавриди риояи танзими расму оийинҳои мардумӣ ва ҷавобгӯ набудани тарбияи кудакону наврасон дар сатҳи зарурӣ, чун муаммоҳои ҳалталаби қайд намуд. Вобаста ба таъмини барқ хабарнигори Радиои «Пайванд» роҳбари намояндагии медиа холдинги «Азия плюс» Хайрулло Мирсаидов, Чамшеди Маъруф, таъмини ғизои кудакон дар боғчаҳои бачагона ва ҳаҷми маблағи кудакистонҳо, таъмини ниёзмандон бо қитъаи замин ва ба тартиб даровардани фаъолияти бозорҳои дар мавзеи Панҷшанбе ҷойгиршуда, хабанигори радиои Тироз Мутриба, Манижа Юсупова журналисти «ШТР СМ1»,хабарнигори оҷонсии иттилоотии «Озодагон» Дилошуб Орифзода саволҳо пешниҳод намуданд.Бобати нақшаҳои имсола Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов иттилоъ дод,ки имсол дар шаҳри Хуҷанд «Соли ободӣ ва гулкорӣ» эълон шудааст.
Барои идома ёфтани корҳои ободонӣ ва гулкорӣ ва мумфаршкунии кӯчаҳои шаҳр нақшаи корӣ таҳия шудааст.
Дар интиҳо Раиси шаҳри Хуҷанд барои ҳамкорӣ ва инъикоси ҳамарузаи ҳаёту зиндагии мардуми маркази вилоят ва фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба кормандони васоити ахбори оммма ва журналистони ҳузурдошта изҳори спосмандӣ намуд.