30 Декабр 2013
Дируз бо иштироки Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов сохтмони бинои нави мактаб дар маҳаллаи 28-ум оғоз гардид. Ин мактаб барои 640 нафар пешбинӣ шуда, бо тамоми шароиташ то охири соли 2014 мавриди истифода қарор дода хохад шуд.
Раъно Бобоҷонва муовини Раиси вилояти Суғд гуфт, ки агар аз як тараф бунёди чунин мактабҳо имконияти хубе барои таълими хонандагон фароҳам орад, аз ҷониби дигар ин ҷойи корӣ барои омузгорон аст.
Мактаби мазкур мутобиқ ба лоиҳа дорои синфхонаҳои барҳаво, ҳавзи шиноварӣ , варзишгоҳ, толори варзишӣ ва ошхона мебошад. Сарвари мактаб Пулот Пулотов, иброз дошт, ки боз бунёди як боғчаву колеҷ дар назар аст.