26 Декабрь 2013
Недоступен ни однин перевод.
Дар мактаб парваришгохи ёрирасони махсуси шахри Хуҷанд бо иштироки Раиси шахри Хуҷанд Раҷаббой Каримов чорабинии солинавӣ баргузор гардид.Раиси шаҳри Хуҷанд ва ҳайати ҳамроҳонашро иштирокдорони тантанаи солинавӣ бо руҳияи идона гарму самимӣ истиқбол намуданд. Дар мактаб парваришгох 210 нафар кудакони имконияташон махдуд тарбият мегиранд.
Лозим ба ёдоварист,ки дар ин мактаб-парваришгоҳи ёрирасон кудакону наврасони то 18 солаи имконияташон маҳдуд ба таълим ва парасторӣ фаро гирифта шудаанд.
Имруз дар 6 муассисаҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд бо кумаки ташкилоту муассисаҳои сарпараст чунин чорабиниҳо баргузор гаштанд.