28 Сентябр 2018
Мутобиқ ба дастури Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаҳои интихоботии худ бо интихобкунандагон мулоқотҳо анҷом медиҳанд.
Ҳамин тавр, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, Салима Каримова, Шоира Бузурукова, Гулбаҳор Маҳкамова, Анвар Яъқубӣ ва Абдулатиф Раҳимов санаи 29.09.2018 дар ҳудуди ҳавзаҳои интихоботии хеш вохӯриҳоро мегузаронанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







