(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altЁ худ биёед ободии шаҳрро дастгирӣ намоем, на сангандозӣ....

Вақтҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Фейсбук, гуруҳе аз шаҳрвандон бидуни огоҳӣ аз вазъ ва таҳлили ҳамаҷониба андешаҳои пойдарҳавои худро вобаста ба роҳандозии ҳаракати автобусҳо баён месозанд, ки аксарият он пур аз кинаву манфиатҳои шахсиву гуруҳист.

Мо бояд имрӯз аз дидгоҳи баланди милливу ватандорӣ ва бахусус шаҳрдорӣ андеша намоем. Андешаҳои пучу пойдарҳаво ва мавқеъгириҳои ғаразнок моро ба роҳи ободӣ намебарад. Омадани автобус ва ҳаракати он дар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд баъди танаффуси зиёда аз 20 сола ин аз чӣ шаҳодат медиҳад?

Ин пеш аз ҳама аз сиёсати оқилонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳбудбахшии зиндагии мардум ва ободии шаҳру мамлакат аст. Пойдории сулҳу Ваҳдат оромии кӯчаҳои мо аст, ки мо имрӯз дар бораи автобусу микроавтобусҳо ҳарф мезанем.

alt20 сол муқаддам нақлиётҳои фарсудаву корношоям ва фазои шаҳрро олудкунанда ба истилоҳ «Рафик»-ро фаромӯш кардем. Гузашта аз ин даҳсолаҳо дар ҳар нишастҳои матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд ва дар сархатти асосии расонаҳои дохиливу хориҷӣ мавзуъи автобусҳою  сатҳи нокифояи хизматрасонии нақлиётии шаҳри Хуҷанд қарор доштанд. Ва хушбахтона он марҳила ба марҳила ҳалли худро ёфта истодааст. Ҳар як кор мувофиқи худ мушкилот, муаммо ва печидаҳои худро дорад ва то замони баррасии он фурсат талаб менамояд.

Субҳи 1-уми августи соли равон 25 адад автобусҳои нав, яке бо хатсайри микроноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанд ба воситаи хиёбонҳои Истиқлолу Исмоили Сомонии шаҳр ба истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ва дуюмӣ аз микроноҳияи 3-юм тариқи роҳи байни микроноҳияҳои 8-12 ва 12-13 (кӯчаи Усмон Қосимов) сипас ба воситаи кӯчаи Рифъат Ҳоҷиев ва хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд то ба истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти хешро баъди танаффуси тӯлонӣ оғоз бахшиданд.

Дар маъракаи расмикушоди он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки ин тадбир дар заминаи дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлисӣ Олӣ оид ба таъмини зиндагии шоистаи мардум амалӣ мегардад. Ва нархи роҳкиро чӣ дар дохили шаҳр ва чӣ берун аз он ҳамагӣ 1 сомониро ташкил дод.

Воқеан ҳам дар соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳо мардумӣ» амалӣ шудани ин тадбир имкон дод, ки пеш аз ҳама симои шаҳр ба куллӣ дигаргун шавад, яке аз рукнҳои шаҳрдорӣ риоя гардад ва ғайраву ҳоказоҳо. Автобусҳои барҳаво, тозаю озода ба кас ҳаловат мебахшад. Аз ҳама муҳимаш ин воситаи нақлиёт бехатар буда, моро беосеб ба манзил мерасонад.

Чандсолаҳо ҷойи автобусҳоро микроавтобусҳо ба даст оварда буданд. Ва табиист, ки вобаста ба хизматрасонӣ бархе қоидавайронкунӣ, аз қабили аз меъёр зиёд ҳаракат намудан, дар ҷойи муқаррарнашуда таваққуф намудан, зиёд гирифтани мусофирон, тамбашавии микроавтобусҳо дар кӯчаҳои марказии шаҳр, берун аз истгоҳҳо истода мусофир гирифтан, ҷалби ноболиғон ба микроавобусҳо баҳри пулчинӣ аз мусофирон, ҳаракати бенизом дар кӯчаҳои шаҳр барои ба даст овардани мусофир, бо либосҳои хонагию ба қавле ришу фаш идора намудани микроавтобус ва ғайраҳо ба мушоҳида мерасид ва маҳз имрӯза корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз ҳаракати автобусҳо норозигӣ мекунанд, то он рӯз аз чунин ронандаҳои микроавтобусҳо шикоят доштанд. Ва «луқма»-ҳои худро дар Фейсбук мепартофтанд ва талаботи риояи шаҳрдорӣ менамуданд.

Бояд мардум, сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд дарк намоянд, ки мо ба марҳилаи рушд расидаем ва сатҳи зиндагии мо боло рафтааст. Ҷараёни якмароми зиндагии мо, ки бо мурури замон вобаста ба шароити пешомада муайян шуда буд, он бояд ҳатман такмил ёбад, фарҳанги шаҳрнишинро боло бурд. Ворид шудани нақлиёти мусофиркаши беруназшаҳрӣ як тамоюли муваққатӣ буд ва имрӯз вобаста ба зиёд шудани сокинони шаҳр ва наклиёти ҷамъиятиву шахсӣ танзими онро низ андеша намоем.

Роҳбарияти вилоят ва шаҳр бо таваҷҷуҳи доимӣ ба масъалаи мазкур назар меандозанд. Шаҳри Хуҷанд дуюмин шаҳри бузург дар Тоҷикистон аст. Он намунаи олии шаҳрдорӣ ба тамоми тоҷикони ҷаҳон аст. Мо бояд меъёру талаботи шаҳрнишинӣ ва шаҳрдориро марҳила ба марҳила такмилу ба танзим дарорем ва риоя созем.

Худи ҳаракати автобусҳои имрӯза дар шаҳр собит намуд, ки мардум як ҷузъи маданияти шаҳрдориро риоя намуда истодаанд. Яъне, сокинони шаҳр бо хоҳиши худ ба истгоҳҳои муайяншуда (на сари роҳу паскӯча) омада, мунтазири автобус шуда истодаанд. Гузашта аз ин ҳаракати автобусҳо ба шаҳри Хуҷанд ҳусни дигар зам менамояд, зеро дар тамоми шаҳрҳои бузурги олам танҳо автобусҳо ба мусофирон хизмат мерасонанд, на микроавтобусҳо.

Баъди роҳандозии 100 адад автобусҳо дар хатсайрҳои: №1 микроноҳияи 3- шаҳраки Ғафуров (ба воситаи кучаи Истиқлол, роҳи боло) №2 8-12-шаҳраки Ғафуров (бо кучаи Рифъат Ҳоҷиев, бо роҳи поён), №3 микроноҳияи 34-шаҳри Бустон (ба воситаи тавваллудхонаи шаҳрӣ ба кӯчаҳои 30 солагии Ғалаба, Сирдарё, Султон Умаров, хиёбони Истиқлол то гардиши Маҷмааи «Истиқлол» тариқи кӯчаи Исмоили Сомонӣ ба шаҳри Бӯстон мерасад), №4 34-шаҳри Гулистон (ба воситаи хиёбони Раҳмон Набиев ё худ кордиология), 5-Галламайдон-Панҷшанбе-шаҳраки Ғафуров (ба воситаи кучаи Камоли Хуҷандӣ, хиёбони Исмоили Сомонӣ), №6 34-Галламайдон (аз микроноҳияи 34 оғоз ба воситаи қисмати болои роҳи маҳаллаҳои 33, 32-юм равона шуда, ба василаи кӯчаи Султон Умар ва пули нав ба кӯчаи Гагарин пайваста мешавад, баъдан аз меҳмонхонаи «Эҳсон» гардиш намуда, ба воситаи хиёбони Исмоили Сомонӣ ба кӯчаи Камоли Хуҷандӣ пайваст шуда то мавзеъи Галамайдон меравад). хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш дар шаҳр беҳтар гардид. Ва имрӯз дар КВД «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд»  беш аз 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ҳамзамон баҳри батанзимдарорӣ наклиёти мусофиркаш дар кӯчаҳои асосии шаҳр ба хатти ҳаракати микроавтобусҳои беруназшаҳрии №3, 40, 45, 55,80, 87, 90, 92, 92 «а», 97, 100, 100 «а», 105, 113, 113 «а», 116, 120 ва 125 таъғирот ворид карда шуданд ва минбаъд ин микроавтобусҳо ҳаракати худро то мавзеъи бозорҳои «Сомон» ва «Баракат»-и шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба роҳ мемонанд. Яъне, ягон нафар ронанда фаъолияти худро қатъ накардааст.

Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумоти идораҳои марбутаи танзими нақлиёт хатсайрҳои дар боло номбаршуда, солҳои охир ба таври сунъӣ изофа шуда, бархеи онҳо хилофи меъёри муқарранамудаи иҷозхатномаи хатсайрашон дучанд ва зиёда аз он фаъолият доштанд ва имрӯз низ чунин вазъият вуҷуд дорад. Яъне миқдр микроавтобусҳои бархе хатсайрҳои дар боло номбаршуда бо меъёрҳои иҷозатномадиҳӣ мувофиқ нест.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳанӯз ҳам ҳаракати зиёда аз 40 хатсайрҳои дохилии шаҳрӣ бо зиёда аз 600 микроавтобусҳо дар дохили шаҳр фаъоланд. Ва ин микроавтобусҳо дар баробари автобусҳо ба мардум хизмат намуда истодаанд.

Андешаи бисёр муҳим он аст, ки мо солҳои охир пиёдагардиро қариб фаромӯш кардем. Ва ин боис шудааст, ки бемориҳои гуногун, аз ҷумла фарбеҳӣ байни мо афзудааст. Бар мо одат шудааст, ки микроавтобусро сари ҳар қадам боз дорем. Ҳол он, ки роҳгардӣ бисёр муфид буда, ба саломатии одам манфиатовар аст. Роҳгардии мӯътадили бонизом хатари сактаи қалб ва бемориҳои раг ё шарёниро паст мекунад. Мутахассисони соҳаи тиб исбот кардаанд, ки барои қалбро солим нигоҳ доштан касро зарур аст, ҳар ҳафта ҳадди ақал се рӯз нимсоатӣ бо машқи бадан машuул шавад. Табибон маслиҳат медиҳанд, “машқи бадан” на ба маънои соатҳои зиёд дар толорҳои варзиш бо тамрин машғул шудан тавсия мешавад, балки барои он роҳгардии мӯътадил кифоя аст.

Муҳаққиқон муайян кардаанд, аз давидани зиёди хастакунанда (чунин машқ, албатта, барои варзишгарони асил хос мебошад) роҳгардии оҳиставу пайваста афзалтар аст, зеро танҳо ҳамин навъи роҳгардӣ барои ҳаракати хун манфиатбахш буда, холестероли манфӣ ё зарарнокро дар вуҷуди инсон кам мекунад ва ба ҷои он холестероли фоидаоварро афзоиш медиҳад. Ҳамчунин, роҳгардии мӯътадили пайваста хатари афзоиши бемории қандро паст мегардонад. Ҳормон ё ҳуҷайраҳои хушҳолӣ, ки дар натиҷаи роҳгардӣ тавлид меёбанд, ҳолати рӯҳии инсонро ба низом медароранд.

Мо намегӯем, ки камбудӣ нест! Камбудӣ вуҷуд дорад, он марҳила ба марҳила ҳалли худро ёфта истодааст. Ҳар як чизи нав вобаста ба худ мушкилоти худро дорад ва албатта ҳалшаванда аст. Барои ин шарт нест, ки шабкаи Фейсбукро, ки тамоми ҷаҳон онро мутоила менамояд, минбари арзу дод ва ҳангома табдил диҳем.

Бояд қайд намуд, ки таъмини хизматрасонии нақлиётӣ ба мардум зери назорати қатъии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода қарор дошта, гуруҳҳои корӣ барои ба эътидол ва танзим намудани хатсайрҳо сафарбар карда шудаанд.

Ҳамаи тадбирҳои андешидамешуда аз ҷониби Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳлил ва баррасӣ гардида, танҳо барои манфиати мардум ва таъмини хизматрасонии баланди нақлиётӣ андешида мешавад. Сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд метавонанд дар сурати пайдо шудани муаммо ва ё нофаҳмӣ ба телефони шуъбаи нақлиёт ва алоқаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр: (83422) 4 67 21 муроҷиат намоянд.

Мо танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созандаи сокинони шаҳр ба ҳадафҳои олии хеш мерасем ва шаҳри бостонии Хуҷандро аз имрӯза боз ҳам беҳтару ободтар менамоем.

Маъмури Юсуфзод,
ро
ҳбари дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...