(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовинони Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудозода Давлатмо Бахтибек аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон озод гардида, Усмонзода Шоғуфрон – Раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид.

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз вазифа озод ва барои ба вазифаи муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон таъин намудани Мирзонаботов Алишер Худобердиевич, муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардидани Амирбекзода Назира, Иматшозода Анвар Иматшо ва Носиров Умедҷон розигӣ дода шуд.

Тағйироти кадрӣ ҳамчунин дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал бароварда шуд.

Сардорони шуъбаи корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоб, инчунин сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ҳамзамон сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, ба вазифаҳои сардорони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб ва Рӯшон аз ҳисоби муттахассисони варзида, кордону поквиҷдон ва содиқ ба давлату миллат ба вазифаҳо таъин карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 сентябр бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот карда, аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, қонунвайронкунӣ, фаъолияти номукаммали мақомоти дахлдори давлатӣ доир ба таъмини волоияти қонун ва бартараф намудани ҷинояткории муташаккил ва амалҳои нангин, инчунин дигар камбудиҳо изҳори нигаронӣ карда буданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, нигоҳ доштан ва бо худ гирифта гаштани силоҳ, убури гайриқонунии сарҳад, вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди нашъамандӣ ва тарбияи насли солиму солеҳ дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар хизматчиёни давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Президенти мамлакат ба кадрҳое ки дар сатҳи роҳбарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, суд ва корҳои дохилӣ таъин гардиданд, вазифаҳои мушаххас гузошта, онҳоро барои ислоҳи камбудиҳои дар фаъолияти ҳукумати вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷойдошта, таъмини волоияти қонун ва татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карданд.

"Беҳбудии сатҳи зиндагии ҳар як сокини вилоят, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва решакан кардани омилҳои монеи рушду пешрафти вилоят аз фаъолияти шаффоф, матонату ҷасорат ва поквиҷдонии ҳар яки Шумо вобастагӣ дорад" – таъкид намуданд Сарвари  давлат  дар ҷамъбасти суҳбат.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...