(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва МТМУ №16-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Қудратов ва Гулбаҳор Назирӣ бо устодону донишҷӯён, хонандагону омӯзгорон ва сокинони маҳаллаҳои Қорираҳмат Қурбон, Масчиди Савр ва Чорчароғи шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд мулоқотро оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ин чорабинӣ баҳри аз наздик ошно намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаи вакилони мардумӣ пиёда карда мешавад.

altГулбаҳор Назирӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ таъкид дошт, ки халқи шарифу қаҳрамони тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, 27 соли  соҳибистиқлолии хеш ба хотири ободии Ватан раванди созандагӣ, яъне бунёди нерӯгоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт. Дар натиҷа, имрӯз бисёр мушкилоти мо ҳаллу фасл гардида, мардуми заҳматқаринамон барои ҳалли вазифаҳои боз ҳам бузурги ободгарона камари ҳиммат бастааст.

Мавсуф таъкид дошт, ки Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар миқёси собиқ давлати абарқудрат яке аз аввалинҳо шуда, бо азму иродаи мардуми кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, аз ҷумлаи бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон гардид. Ин санади тақдирсоз заминаи ҳуқуқии бунёди давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати таъмини соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро фароҳам овард. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат дар даврони фаъолияти худ садҳо қонуну санадҳо таҳия ва қабул карданд, ки онҳо дар рушди ҷомеаи навини мо нақши арзанда бозиданд ва минбаъд низ ҳамчун воситаи таҳкими давлати ҳуқуқбунёд хизмат хоҳанд кард. Ҳамчунин, бо дарназардошти принсипҳои башардӯстӣ дар 25 сол 15 санади авф қабул шуда, муқаррароти онҳо ба зиёда аз 115 ҳазор нафар маҳкумшудагон, судшавандагон ва таҳти тафтиш қарордоштагон татбиқ гардиданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Қудратов зимни суханронии худ гуфт, ки ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсие, ки кишвари моро фаро гирифта буд, боиси хисороти азими иқтисодӣ ва гузашта аз ин, фалаҷ шудани иқтисодиёт ва коҳиши бесобиқаи нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳо гардид. Масалан, дар зарфи солҳои 1992 -1997 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар ва кишоварзӣ ду баробар паст гардида, буҷети давлатӣ ночиз ва хазинаи давлатӣ умуман бе захира монда буд. Ҷиҳати бартараф кардани буҳрони шадиди иқтисодӣ ва ба фаъолият даровардани иқтидорҳои истеҳсолӣ Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонид ва мо танҳо аз соли 2000-ум ба марҳалаи рушд ворид гардида, пешрафти босуботи иқтисодиёт ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро дар заминаи фароҳам овардани низоми иқтисоди бозаргонӣ тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, бахусус, сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногун таъмин намудем. Дар ин раванд пули миллиро ба муомилот бароварда, низоми муосири молиявию бонкиро ташкил кардем ва ба узвияти аксари созмонҳои бонуфузи иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ қабул гардидем.

Рустам Қудратов гуфт, ки ба туфайли амалӣ гардидани стратегияву барномаҳои миллӣ дар 15 соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,8 фоиз баробар шуда, даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 19 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Ҳамзамон бо ин, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардиданд. Маҳз истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки мо низоми иқтисодии аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин пазируфташударо интихоб кунем ва ба хотири зина ба зина беҳтар намудани зиндагии мардумамон рушди устувори ҳамаи соҳаҳоро таъмин гардонем.

Дар ҷараёни мулоқот Наим Маликисломӣ, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд низ баромад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...